Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х илова
Сатри 9:
== Ташкилёбии Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо ==
[[Акс:Persian Empire, 490 BC.png|right|thumb|350px|Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо) ({{lang-fa|شاهنشاهی هخامنشیها }})]]
[[Акс:Cyrus tomb.jpg|right|thumb|350px|Мақбараи Куруши Кабир]]
 
Ба иттифоқи қабилаҳои эронӣ на ҳама вақт муяссар мешуд, ки худро аз ҳуҷумҳои душманон муҳофизат карда тавонанд. Барои ҳамин, ба онҳо лозим меомад, ки иттифоқҳои қабилаҳояшонро калонтару мустаҳкамтар кунанд. Қабилаҳои сершумори хурд омада, бо ихтиёри худ ба иттифоқи қабилаҳои пурзӯртар якљоя шуда, онҳоро боз хам пурқувваттар мегардонанд. Сохти ин иттифоқҳои қабилаҳо ба сохти давлатӣ монанд мешуд.
Line 15 ⟶ 17:
Куруш ба ин қаноат накарда мамлакатҳои зиёди дигарро ҳам забт карда, империияи бузурги Ҳахоманишиёнро ташкил намуд. Баъд аз Куруши II дар яке аз ҷангҳо ба тахти подшоҳии Ҳахоманишиён писари ӯ Камбиз менишинад. Дар давраи ҳукмронии ӯ дар мамлакат ошӯбҳои бисёре сар мезананд. Баъзе вилояту давлатҳои забткардашуда аз ҳайати давлати Ҳахоманишиён мебароянд. Ба Камбиз лозим омад, ки барои пахш кардани шӯришҳои сершумор вақти тулонӣ ва қувваи зиёд сарф кунад. ӯ ба мақсад ноил шуданаш қувва љамъ карда, соли 526 пеш аз милод ба Миср лашкар мекашад. Ҳангоме, ки лашкари Ҳахоманишиён ба Миср наздик мешуд, шоҳи Яхмоси II ногаҳон вафот мекунад. Ба тахти фиръавнии Миср Псамтики III менишинад, вале ба ӯ муяссар намешавад, ки Мисрро аз истилои форсҳо наҷот бидиҳад. Лашкари мисриҳо дар наздикии Полузия ва Мемфис аз форсҳо сахт шикаст мехӯрад.
Ҳамин тариқ, Камбиз Мисрро истило мекунад. Баъди вафоти Камбиз ба тахти подшоҳии давлати Ҳахоманишиён [[Дopиуши Бузург]] Дорои I соли 522 пеш аз милод менишинад. Ӯ барои пуриқтидор шудани давлати Ҳахоманишиён ҷидду ҷаҳди зиёд ба харҷ медиҳад. Шоҳи минбаъдаи шаҳаншоҳӣ Дорои I (522-486 п.м.) пурра сарзамини Осиёи Миёнаро ба зери тасарруфи Ҳахомонишиён даровард ва якчанд ислоҳотҳои муфидеро дар мамлакат амалӣ гардонид. Солҳои минбаъда сулолаи Ҳахомонишиён боз дусад сол ҳукмронӣ намуданд, вале зулму истидоди халқхои тобеи форсҳо ва зиддиятҳои дохили дарборӣ ба заволи ҳукумат оварданд.
Давлати Ҳахоманишиёнро солҳои 334–327 п.м. Искандари Мақдунӣ истило мекунад.<ref>Б.Ғ. Ғафуров Тоҷикон. Китоби 1. – Душанбе, 2008, - с. 76-82</ref>
 
== Сохтор ==