Темур Зулфиқоров: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 40:
Аввалин асари Зулфиқоровро бо замони тоҷикӣ нависандаи хушкаломи тоҷик, марҳум Муҳаммадзамони Солеҳ тарҷума кард. Ба ин тарҷума худи адиб баҳои баланд додаву гуфта буд, ки аз асл беҳтару равонтар аст. Баътар нависандаи тавонои тоҷик Нур Табаров низ чанд асари ӯ, аз ҷумла “Афъимори марҷонӣ”, “Чойхонаи лаби ҷар”, “Марг нест”, “Як рӯзи бачагии ҳазрати Муҳаммад” (с)-ро ба тоҷикӣ баргардонд, ки ҳоло дар шакли китоб дар “Адиб” нашр шудааст.
 
== АндешаҳоБаҳои дар бораиэҷодиёти шоир ==
Аниса Собирӣ, адибаи тозагӯи тоҷик мегӯяд, ки “шеъри Темур Зулфиқоров метавонад тафаккури шуморо ба олами кайҳонии сухани ҷодуӣ савқ диҳад. Борҳо сари ин суол андеша рондаам: эҷодиёти адибро ба кадом адабиёт мебоист мансуб донист, яъне ба самти кадом миллат аст пайроҳаи ӯ. Баъди муколамаи бисёрсола бо ӯ моил ба он мешавам, ки дар рӯ ба рӯйи мо уқобе дар авҷи парвоз дар фазои ин ду роҳ аст, ки тавонистааст ин ду роҳро бо муҳаббати ба худ хос, ба шеваи классикӣ дуруст ба мушоҳида гирад”.
 
Адиби шинохта Анатолий Ким, ки мегӯяд Зулфиқоров як устоди асили назму насри муосир аст ва дар адабиёт падидаи нотакрорест, бар ин назар аст, ки дар Русия қадрашро надонистаанд. Вларий Плантер ҳам ӯро падидаи нодир дар услуби нигориш ва забони баён медонад. Профессор Артём Таласов мегӯяд: “Барои рамзкушоии Зулфиқоров шумо ба як муассисаи адабӣ, фалсафӣ ва адёншиносӣ ниёз пайдо хоҳед кард”. Ва ҳами ин адибону мунаққидон бар ин назаранд, ки Темур Зулфиқоров як нобиғаи ҳанӯз ношинохта дар ситоразори осмони адабиёти олам аст.
 
== Осор ==
== Пешбари ба Ҷоизаи Нобел ==
Асари адиби тоҷиктабори Русия Темур Зулфиқоров "Истода ва гирён дар миёни обҳои равон" аз сӯи нашриёти "Художественная литература"-и Маскав ба дарёфти Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт пешбарӣ шуд.<ref>http://www.ozodi.org/content/article/2025563.html</ref>
<ref>
{{cite web|url=http://www.ozodi.org/content/article/2025563.html
|title=Адиби тоҷик ба ҷоизаи Нобел пешниҳод шуд
|publisher=Радиои Озодӣ
|date=
|accessdate=1 май 2010
}}</ref>
 
== Эҷодиёт ==
 
* «Поэмы странствий» — М.: Молодая гвардия, 1980, 480 с.