Соли 2006: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
No edit summary
Сатри 1:
* Соли 2006 - Соли тамаддуни Ориёи дар Тоҷикистон
* 2700 солагии шаҳри [[Кӯлоб]]
 
== Рӯйдодҳо ==
=== [[Август]] [[2007]] ===
* [[20 август]] - Дастаи мунтахаби футболи [[Тоҷикистон]] бозии нахустини чемпионати ҷаҳон миёни наврасони то 17-соларо бо пирӯзӣ бар дастаи мунтахаби [[ИМА]] оғоз намуд.[http://ozodi.org/specialsarticle/2007/8/D15AEDB3-A8BC-4711-970B-B0EA44ED93DA.html]
 
=== [[Июл]] [[2007]] ===
* [[18 июл]] -Бо дархости ҳукумати [[Ӯзбакистон]] ду паноҳандаи ӯзбак аз тарафи мақомоти ҷумҳурии Чех, ҳангоми убури [[марз]]и [[Чех]]у [[Олмон]] ба ҳабс гирифта шуданд.
 
Амонулло Мақсудов ва Зоҳид Мирзоев баъд аз ҳодисаҳои Андиҷон дар Олмон мақоми паноҳанда гирифтаанд. ]]
* [[16 июл]] - Рӯзи якшанбеи [[15 июл]] чархаи турбини нирӯгоҳи барқи обии "[[Сангтӯда 1]]" аз [[Санкт-Петербург]] ба [[Душанбе]]интиқол дода шуд. Онро, ки дар корхонаи тавлиди мошинҳои нирӯвари Санкт-Петербург сохта шудааст, ширкати ҳавопавардии "Полет" бо ҳавопаймои азимҷуссаи "[[АН-124-Руслан]]" ба Душанбе расонд.
* [[15 июл]] - Соати 22:15 ба вақти [[Тоҷикистон]], мақола дар бораи [[Китоби сурх]] 8000умин мақола дар [[Википедиа]]и Тоҷик шуд.
 
=== [[Июн]] [[2007]] ===
 
* [[20 июн]] - TajikAir парки ҳавопаймоҳояшро бо Boeing B737-200- и аввалин зиёд намуд. [[20 июн]] – «Авеста». - | Ширкати ҳавопаймоии Тоҷик TajikAir парки авиатсионии худро бо ҳавопаймои сохти ғарбӣ зиёд кард. Дар нисфирӯзӣ, [[18 июн]]и соли ҷорӣ, дар фурӯдгоҳи Душанбе, [[Boeing B737-200]] бо нишонии ширкати ҳавопаймоии тоҷик фурӯд омад.
Иӄтидори [[Boeing B737-200]] ӄисман [[ТУ-134]] – и дар баланси муассисаи ҳавопаймоӣ бударо иваз мекунад. Boeing B737-200 дорои 130 курсӣ барои мусофирон буда, инчунин, салони тиҷорат ва эконом класс дорад.
 
«Тавассути ин ҳавопаймо, ассосан парвоз дар [[Хуҷанд]], [[Самара]], [[Екатеринбург]], [[Теҳрон]], [[Алмаато]] ба иҷро мерасад, - мегӯяд, Давлатова. – Мо дар оянда ният дорем, ки боз парки ҳавопаймоҳои худро, аз ҳисоби ҳавопаймоҳои сохти ғарбӣ, мукаммал намоем».
 
Имрӯз, дар фурӯдгоҳи Душанбе чор ҳавопаймои [[ТУ-154]], ҳафт - [[Як-40]], се - [[АН-28]], се - [[ТУ 134]], инчунин чор – [[АН 24]], ду - [[АН 26]] ва чор чархболи [[Ми-8 МТВ]] ҷойгир гардидааст. Ғайр аз ин фурӯдгоҳи Душанбе ҳавопаймоҳои калонеро аз ӄабили [[АН-124]], [[ИЛ-76]], [[АН-12]], [[АН-8]] ва [[тайёра]]ҳои сохти ғарбиро ӄабул менамояд.[http://www.zamon.tj/articles/12/2743.html#content]
 
=== [[Май]] [[2007]] ===
*[[16 май]] - сиёсатмадори муҳофизакор [[Николас Саркози]] ба ҳайси раиси ҷумҳури ҷадиди [[Фаронса]] дар [[кохи Елиссей]] қасам ёд карда қудратро аз дасти [[Жак Ширак]], ки 12 сол раҳбариро бар дӯш дошт, мегирад.[http://ozodi.org/news/2007/05/16.html#dd31c1e3-2082-4201-9632-1da00d8b0d49]
*[[9 май]] - Расми гулгузорӣ дар пояи пайкараи [[Сарбози биринҷӣ]] дар [[қабристон]]и ҳарбии [[Эстония]] бе сарусадо ва нутқу мусиқӣ, танҳо дар зери хониши парандагони сари шохсори [[дарахт]]он ва шарфаи пойи садҳо нафар дар раҳравҳои сангрезаӣ ҷараён гирифт.[http://ozodi.org/specialsarticle/2007/5/2EB70529-C5F2-4ECC-9476-43850C787D33.html]
*[[7 май]] - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон [[Эмомалӣ Раҳмон]] ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба [[Ҷумҳурии Исломии Эрон]] сафар кард.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро [[Вазири корҳои хориҷӣ]] [[Ҳамрохон Зарифӣ]], Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ [[Эркин Раҳматуллоев]], Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон [[Убайдулло Давлатов]], Раиси Бонки миллӣ [[Муродалӣ Алимардонов]], Вазири молия [[Сафаралӣ Наҷмуддинов]], Вазири рушди иқтисод ва савдо [[Ғулом Бобоев]], Вазири энергетика ва саноат [[Шералӣ Гулов]], Вазири нақлиёт ва коммуникатсия [[Абдураҳим Ашуров]], Раиси Кумитаи телевизион ва радио [[Асадулло Раҳмонов]], Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ [[Маъруф Сайфиев]] ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.[http://www.president.tj/habarho_070507y.htm]
 
*[[5 май]] - Раиси ҷумҳури Тоҷикистон [[Эмомалӣ Раҳмон]] дар садри як ҳайати давлатӣ сафареро ба [[Қатар]] ва [[Эрон]] оғоз кард. Дафтари матбуъоти раёсатҷумҳурии [[Тоҷикистон]] дар бораи ҳадаф ва барномаҳои ин сафар иттилоъ надодааст, аммо манобеъи наздик ба [[Вазорати корҳои хориҷи]]и [[Тоҷикистон]] гуфтаанд, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузориҳои беруна мақсади аслии ин сафари чаҳоррӯза мебошад.[http://www2.ozodi.org/news/2007/05/05.html#eef2b5ab-ff17-493e-9945-0a7a72869ef5]
*[[5 май]] - [[Муҳаммади Хотамӣ]] ва [[поп Бенедикти Шонздаҳум]] аз натиҷаҳои анҷумани [[Шарм-уш-шайх]] истиқбол карданд.[http://www2.ozodi.org/specialsarticle/2007/5/3B9FBE1C-9243-4C33-9A15-4B1D93F2EB3B.html]
*[[4 Май]] - Дар [[порлумони Аврупо]] вазъи ҳуқуқи узбакистониҳоро баррасӣ мекунанд
Кумитаи фаръии ҳуқуқи инсон дар порлумони Аврупо вазъ дар [[Ӯзбакистон]]ро баррасӣ кард.
Раиси ин кумита Ҳелен Флотре гуфт, на дар таҳқиқоти давлати [[Ӯзбакистон]] дар робита ба [[ошӯб]]ҳои соли [[2005]] дар [[Андиҷон]] ва на дар қазияи хабарнигори зиндонӣ [[Умеда Ниёзова]] ҳеҷ пешрафте мушоҳида нашудааст.[http://www2.ozodi.org/news/2007/05/04.html#488a7ad9-b455-4c18-ae06-471f3f4afa21]
 
=== [[Апрел]] [[2007]]===
 
* [[25 Апрел]] - [[Нуҷумшиносон]] дар хориҷ аз [[системи офтобӣ]] [[сайора]]еро кашф кардаанд, ки ба сайораи [[Замин]] хеле монанд аст, ба ҳамин далел онҳо ин сайораро ба истилоҳ "Замин"-и дуввум ҳам ном мебаранд. Ин сайора дар мадори ситораи камнури "[[Глиз-581]]" кашф шудааст ва тибқи маълумоте, ки то ҳол ба даст омадааст, он аз сайораи [[Замин]] дар масофаи 20 солу шаш моҳи ҳаракати нур ҷой гирифтааст, ки он 193 трилиён километр аз Заминро ташкил медиҳад. Ситораи камнури [[Глис 581]] аз офтоби мо сардтар ва хурдтар аст, ба ҳамин сабаб ҳарорати сатҳи сайораи нав ба ҳарорати сайораи Замин наздик аст ва он аз сифр то 40 дараҷаро ташкил медиҳад.http://www2.ozodi.org/specialsarticle/2007/4/CBD248CE-52CA-4E29-831B-81CCD864137A.html
* [[13 Апрел]] - Оғози мусобиқоти қаҳрамонии акробатикаи Тоҷикистон
Рӯзи ҷумъаи 13-уми апрел дар шаҳри Душанбе мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи акробатикаи варзишӣ шурӯъ шуд.[http://www.ozodi.tj/specialsarticle/2007/4/7560B6A3-B038-4158-981C-5BBC5E996CEE.html]
=== [[Март]] [[2007]] ===
* [[6 Март]]- "Искандари Мақдунӣ", китоби [[Бобоҷон Ғафуров]] ва [[Дмитриос Тсибукидис]], ки чанде пеш дар нашриёти "Вече"-и [[Маскав]] аз чоп баромад, на танҳо рӯйдодҳои сиёсӣ ва муҳорибаҳои давраи зуҳур ва фурӯпошии империяи Мақдуниро тасвир мекунад, балки нахустин бор имкон медиҳад, симои Искандар ҳамчун як инсон қаламдод гардад.[http://www2.ozodi.org/specialsarticle/2007/3/A0745D43-BF49-4FAA-9505-3F2CDC8B50E7.html].
== [[Феврал]] [[2007]] ==
* [[16 Феврал]]- Кашф ва забти амуниёк дар Сугд
Аз манзили як узви вобаста ба [[Ҳаракати Исломии Туркистон]] дар [[нохияи Исфара]], дар [[вилояти Сугд]], 500 килугромм омуниёки селетри, як навъ маводи шимиёи ки барои таҳияи [[маводи мунфаҷира]] аз он истифода мешавад, кашф ва забт шудааст [https://archive.is/20130707012111/www.bbc.co.uk/persian/tajikistan/story/2007/02/070216_rm_ammonium_cyr.shtml].
 
* [[15 Феврал]] [[2007]] - Пажӯҳишгоҳи физиологияи набототу генетика ва Ҷамъияти физиологҳои набототи Тоҷикистон ибтикори хубе нишон доданд. Онҳо таҳти таҳрири академик Хуршед Каримов маҷмӯаи мақолаҳои илмиро бо унвони «Саҳми физиология, генетика, технологияи наботот ҳалли проблемаҳои кишоварзии Тоҷикистон» аз чоп бароварданд.[http://www.khovar.tj/tj/ilmdonish.php?id=5053&page=1]
* [[5 Феврал]]- Анҷоми [[Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ]] дар Чин
Шашумин давраи Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ дар [[Ҷумҳурии Мардумии Чин]] ба анҷом расид. Маросими пӯшидашавии ин бозиҳо, ки бо ширкати варзишгарони 26 кишвари қора дар шаҳрҳои [[Чангчун]] ва [[Ҷилин]] оид ба даҳ ришта тӯли як ҳафта идома карданд, шоми якшанбеи [[4 феврал]] баргузор шуд.[http://www.ozodi.org/specialsarticle/2007/2/298CD425-D092-42C6-9578-9F34A6475EE4.html]
* [[1 феврал]] - [[Ромиш Шералӣ]], фарзанди устоди шодравон [[Лоиқ Шералӣ]] дар сӯҳбат бо маҷаллаи «[[Фарҳанг ва андеша]]» гуфт, ки ашъори [[Лоиқ Шералӣ]] дар қироати худи шоир ояндаи наздик тариқи [[сомона]]и [[интернет]]ӣ низ қобили дастрасӣ хоҳад шуд.[http://www.ozodi.org/specialsarticle/2007/2/C047C184-8E4D-4A6B-AF05-E19F736E369E.html]
 
=== [[Январ]] [[2007]] ===
* [[31 Январ]] - Дар шашумин давраи [[Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ]] дар Чин рӯзи чоршанбеи 31 январ мусобиқот дар риштаи лижаронии кӯҳӣ шурӯъ мешавад, ки дар он варзишгарони тоҷик низ ширкат хоҳанд кард.[http://www.ozodi.tj/specialsarticle/2007/1/53E39F22-D84B-4CC8-8896-BCD4F11A1723.html]
* [[31 Январ]] - [[Ангела Меркел]], [[садри аъзам]]и [[Олмон]] аз номзадии [[Қазоқистон]] ба мақоми раҳбари давраии [[Иттиҳодияи Аврупо]] дар соли [[2009]] тарафдорӣ кардааст.[http://www.ozodi.tj/news/2007/01/31.html#544502f1-9d75-4ad7-899b-35f576d85487]
* [[30 Январ]] - Шумораи мақолаҳо дар Википедиаи Тоҷикӣ ба 5 000 расид.
* [[30 Январ]] - Mуаррифии барномаи нави [[Windows Vista]] - Дирӯз дар [[Ню Йорк]] як маросими дигар низ барпо шуд. [[Майкрософт]], ширкати пешдасти олам дар таҳияи нармафзори компютерӣ низоми нав - Виндовз Вистаро муаррифӣ намуд.[http://www.ozodi.tj/specialsarticle/2007/1/7C234318-8F66-4211-9A80-BADC21D7434C.html]
* [[22 Январ]] - Дастаи футболи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дуввумин дидори худро дар Ҷоми иттиҳод - 2007 бо тими «Оқтеппа»-и Актюбински [[Қазоқистон]] бо натиҷаи мусовии 0 бар 0 анҷом дод.[http://www.ozodi.tj/specialsarticle/2007/1/29D02695-DC7E-4D31-BFD8-3C9E2B65542C.html]
* [[12 Январ]] - [[Дейвид Бекҳем]] тасмим гирифтааст, ки пас аз поёни ин мавсим дастаи "Реал"- и Мадридро тарк кунад ва тибқи қарордоде, ки 250 миллион доллар арзиш дорад, ба дастаи "Галакси"- и [[Лос Анҷелес]]и [[Иёлоти Муттаҳида]] бипайвандад.[http://www.ozodi.org/specialsarticle/2007/1/5363BF93-8D8B-46C3-84D2-EDB066882404.html]
* [[3 Январ]] Соати 14:29 шумораи мақолаҳои Википедиаи Тоҷикӣ ба 4000 мақола расид 4000 -ум мақола дар Википедиа дар бораи Забон аз тарафи корбар [[Корбар:English Isfara]] ирсол шуд.
 
 
== Вафот кардаанд ==
* [[21 декабр]] - [[Сапармурат Ниёзов]] [[Президент]]и [[Туркманистон]].