Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 69:
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ба Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон огоҳинома ирсол намуда, аз роҳбарияти ин ҳизб қатъи фаъолияти ғайриқонуниашро талаб намудаст. Тавре дар номаи мазкур омадааст, мувофиқи моддаи 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ҳизби сиёсии ҷумҳуриявӣ бояд дар аксари шаҳру ноҳияҳо ташкилоти ибтидоӣ дошта бошад. Мувофиқи санадҳои ба Вазорати адлия воридшуда дар 58 шаҳру ноҳияҳои мамлакат ташкилоти ибтидоии ҲНИТ фаъолияти худро қатъ кардаанд. Бинобар ин ҲНИТ наметавонад худро ҳизби умумиҷумҳуриявӣ муаррифӣ карда, анҷуман баргузор кунад.
Хотиррасон бояд кард, ки чанде пеш роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар симои Саидумар Ҳусайнӣ ва дигарон бо ҷамъ овардани гурӯҳи журналистон дар як манзили шахсии истиқоматӣ, ба ном нишасти хабарӣ баргузор карда, баёнияи Шӯрои сиёсии ҲНИТ-ро эълон намуданд. Роҳбарияти ҲНИТ дар баёнияи худ сабаби баста шудани қароргоҳи ҳизби наҳзатро ба қарори Шӯрои сиёсии ҳизб дар хусуси баргузор кардани анҷумани ҲНИТ алоқаманд шарҳ дода, дархост карданд, ки қароргоҳи ҳизб боз карда шавад ва барои фаъолияти он монеа аз байн бурда шавад. Мавриди зикр аст, ки сабаби баста шудани қароргоҳи ҲНИТ баҳси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ бо соҳибмулки бино ва ғайриқонунӣ харидорӣ шудани бинои мазкур эълон шудааст.<ref>[http://www.khovar.tj/content/%D0%B2%D0%B0%D0%B7%D0%BE%D1%80%D0%B0%D1%82%D0%B8-%D0%B0%D0%B4%D0%BB%D0%B8%D1%8F%D0%B8-%D2%B7%D1%82-%C2%AB%D2%B3%D0%BD%D0%B8%D1%82-%D0%B4%D0%B8%D0%B3%D0%B0%D1%80-%D2%B3%D0%B8%D0%B7%D0%B1%D0%B8-%D1%83%D0%BC%D1%83%D0%BC%D0%B8%D2%B7%D1%83%D0%BC%D2%B3%D1%83%D1%80%D0%B8%D1%8F%D0%B2%D3%A3-%D0%BD%D0%B5%D1%81%D1%82%C2%BB Вазорати адлияи ҶТ: «ҲНИТ дигар ҳизби умумиҷумҳуриявӣ нест» дар АМИТ "Ховар"]</ref>
 
== Қатъи фаъолият ==
Додгоҳи олии ҶТ рӯзи 29-уми сентябр Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) — ягона ҳизби динӣ дар минтақаи Осиёи Миёнаро созмони террористӣ эълон намуд ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард, инчунин нашри ҳафтаномаи "Наҷот"- органи чопии ташкилот ва саҳифаи интернетии он бо қарори додгоҳ мутаваққиф шуд.
 
==Нигаред==
Огоҳиномаи Вазорати адлияи ҶТ "Оид ба қатъ намудани фаъолияти ғайриқонунӣ" дар АМИТ "Ховар"<ref>[http://www.khovar.tj/content/%D0%B2%D0%B0%D0%B7%D0%BE%D1%80%D0%B0%D1%82%D0%B8-%D0%B0%D0%B4%D0%BB%D0%B8%D1%8F%D0%B8-%D2%B7%D1%82-%C2%AB%D2%B3%D0%BD%D0%B8%D1%82-%D0%B4%D0%B8%D0%B3%D0%B0%D1%80-%D2%B3%D0%B8%D0%B7%D0%B1%D0%B8-%D1%83%D0%BC%D1%83%D0%BC%D0%B8%D2%B7%D1%83%D0%BC%D2%B3%D1%83%D1%80%D0%B8%D1%8F%D0%B2%D3%A3-%D0%BD%D0%B5%D1%81%D1%82%C2%BB Огоҳинома Оид ба қатъ намудани фаъолияти ғайриқонунӣ Вазорати адлияи ҶТ: АМИТ "Ховар"]</ref>