Эмомалӣ Раҳмон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 74:
 
== Тоҷикистон ва ҷаҳон ==
[[Акс:Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ.jpg|alt=Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ|left|thumb|224x224px|Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ]]
{{Гузида
| Баробаркунӣ = right
Line 90 ⟶ 91:
| Имзо = ''[[Сентябр]]и [[соли 2009]]''
}}
[[Акс:Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ.jpg|alt=Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ|left|thumb|224x224px|Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ]]
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинки, Баёнияи Париж ва дигар созишномаҳои байналхалқӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро амалӣ сохта, ҳифзи ҳуқуқи инсонро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, маҳаллӣ ва мазҳабиву нажодӣ, муроот менамояд.
 
Ҳамзамон, дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва саривақтианд. Ӯ борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид баромад карда, дар баробари мушкилоти Тоҷикистон таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон, масъалаҳои мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон, масъалаи таъминоти оби тоза ва ғайраҳо ҷалб мекунад. Ниҳоят, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли қазияи Афғонистон, ки ба пойгоҳи терроризму экстремизм табдил ёфта буд, рӯ овард.
 
=== Пешниҳодоти ҷаҳонӣ ===
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳимтарини ояндаи инсоният низ муносибати дурбинона ва ҷиддӣ дорад. Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-юмро Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015-умро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон кард. Айни ҳол аксари чорабиниҳои ҷаҳонию минтақавии вобаста ба об дар чаҳорчӯби ҳамин даҳсола гузаронда мешаванд, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз ин иқдоми Сардори давлат аст.<ref>[http://www.president.tj/taxonomy/term/5/139 Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Эмомалӣ Раҳмон]</ref>
 
== Ҷоизаҳо<ref>Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон. (Зери назари Ҳамрохон Зарифӣ). – Душанбе. «Ирфон», 2012, 272 саҳ. Ҳайати таълиф: Ҳ. Зарифӣ, Н. Зоҳидов, Д. Назриев, Х. Сафаров. ISBN 978-99947-0-743-0</ref> ==
[[Акс:Участники заседания совета коллективной безопасности ОДКБ 23 декабря 2014 года.jpeg|left|thumb|295x295px]]
Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он эътироф гардидаанд. Барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ ӯ ба гирифтани Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии Профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор дониста шудааст. Ӯ дар ҷаҳон аввалин сиёсатмадорест, ки ин мукофоти олиро соҳиб гардидааст.
 
Соли 2005 дар арафаи ҷашни Ваҳдат боз як ҷоизаи олӣ-медали тиллоии «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо»-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият насиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Эмомалӣ Раҳмон дар байни сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин касе мебошад, ки ба гирифтани ин ҷоиза мушарраф гардидааст.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои гуногун ҳамчунин бо ордени алмосдори «Звезда мецената» (Ситораи сарпараст) – ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи «Меценаты столетия» (Сарпарастони аср), ордени «Қаҳрамони миллии Афғонистон – Аҳмадшоҳи Масъуд», ҷоизаи Бунёди байналмилалии нависандагон ва рӯзноманигорони Ҷумҳурии Туркия, ситораи ёқутии «Миротворец» (Сулҳовар), Медали тиллоии Маҷлиси халқи (Парлумони) Ҷумҳурии Мисри Араб, Нишони фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ордени Шӯрои олимпии Осиё, Медали тиллоии арҷгузорӣ ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) –и ЮНЕСКО, Ордени тиллоии Эҳёи Роҳи Абрешим, Медали тиллоии ба номи Николай Блохин –мукофоти олии Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Русия, Ордени «3 Ситора дараҷаи 1» бо занҷираи тиллоии Ҷумҳурии Латвия, ордени Княз Ярослави Ҳаким дараҷаи 1-и Украина, Нишони Покистон – олитарин мукофоти давлатии Ҷумҳурии Исломии Покистон ва дигар мукофоту ҷоизаҳо сарфароз гардонда шудааст.
 
=== Орденҳо ===
* [[Қаҳрамони Тоҷикистон]] (аз 11 декабри соли 1999)