Амонуллоҳ Неъматзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 26:
 
== Зиндагинома ==
Амонуллоҳ Неъматзода 5 октябри соли 1935 дар деҳаи Бузургиёни собиқ ноҳияи Обигарм таваллуд шудааст. То соли 1983 ба ҳайси корманди оддӣ дар муассисаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз соли 1983 то соли 1989 ба ҳайси имоми панҷвақта дар масҷиди ҷомеи ба номи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, аз соли 1989 то соли 1993 имоми панҷвақтаи масҷиди ҷомеи ба номи ҳазрати Мавлоно Яъқуби Чархии ноҳияи Рӯдакӣ ва аз соли 1993 то соли 1996 ба ҳайси хатиби масҷиди ҷомеи мазкур кор кардааст. Аз соли 1996 то соли 1997 ба вазифаи Муфтии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 1997 ба вазифаи раиси Маркази исломӣ ва раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд ва то охири умри худ дар ин вазифа кор ва фаъолият кард.<ref>[http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=5277 Тасаллият нисбати даргузашти Ҳоҷӣ Амонуллоҳ Неъматзода] // '''«Ҷумҳурият»'''</ref>
 
Амонуллоҳ Неъматзода узви чандин созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла узви Шӯрои адёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, узви ҷамъияти Даъваи Олами Исломӣ дар Ҷамоҳирии Арабии Либия буд.
 
Хидматҳои Амонуллоҳ Неъматзода ҳамчун сарвари мусулмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафти фаъолияти масҷидҳо, пешгирӣ аз ҳар гуна равияҳои тундраву ифротгаро намоён аст. Тӯли солҳои фаъолияти худ номбурда дар интишори таълимоти мазҳаби ҳанафӣ, боло рафтани маърифати исломӣ, инчунин дар мавриди риояи қонунгузории ҷумҳурӣ аз ҷониби мусулмонон ва иттиҳодияҳои динӣ хизматҳои шоён намудааст.
 
Амонуллоҳ Неъматзода дар синни 75-солагӣ [[6 сентябр|6 сентябри]] [[соли 2010]] бар асари бемории саратон аз дунё даргузашт. Ҷанозаи Қорӣ Амонуллоҳ Неъматзода, санаи 7 сентябри соли 2010 дар [[Элок|рустои Элоки]] [[ноҳияи Файзобод]] ба хок супурда шуд.
 
== Эзоҳ ==