Афғонистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 109:
[[Акс:Califate 750.jpg|alt=Афғонистон - қисмати шарқии Хилофати Араб, 750|thumb|410x410px|Афғонистон - қисмати шарқии [[Хилофати Араб]], 750|left]]
Дар заминҳои аз тоҷикон холишудаи ин минтақа қа­билаҳои афғон, ки ба чорводорӣ машғул буда, берун аз шаҳрҳо зиндагӣ мекарданд, ҷой гирифтанд. Аммо аз қадимуззамон, аз асри санг шурӯъ намуда, дар ин марзу бум одамон мезистаанд. Бостоншиноси маъруф Корбэн афзорҳои давраи асри санги ин сарзаминро, ки аз дараи Чахмок, Додалда­раи Самангон, Ҳазорсум, Гӯрдараи Бадахшон ёфт шудаанд, ба 50 ҳазор сол қабл мансуб медонад. Давраи ба истилоҳ ни­матаърихии ин киш­вар аз су­рудҳои ведӣ оғоз меёбад, ки ҳанӯз хат ихтироъ нашуда буд ва ориёиҳо дар Ориёнои Қадим ё Афғони­стони кунунӣ зиндагии кӯчӣ доштанд, худоҳои гуногунро мепарастиданд, барояшон қурбониҳо мекарданд ва назронаҳо медоданд. Сурудаҳои ведӣ, ки аксандози зиндагию фаъолияти ин мардум буданд, аз даҳон ба даҳону аз насл ба насл гузашта, баъдан якҷо бо маданияти авестоӣ барои рушд ва маданӣ сохтани ҷомеа нақши муҳим доштанд. Мутобиқи маъхазҳои таърихӣ, давлатдории аввалин дар сарзамини Афғонистон ҳазорсолаи якуми то мелод (Бохтар) ба вуҷуд омадааст. Дар давраҳои қадим ва асрҳои миёна марзу буми кунунии Афғонистон ба ҳайати дав­латҳои бузурги Шарқи Миёна ва Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ дохил мешуд. Бохтар ва заминҳои ҷануби онро то Ҳинд Куруши Кабир (бунёдгузори давлати Ҳахоманишиён) забт карда буд ва Бохтар яке аз навоҳии тараққикардатарини ин империя маҳсуб мешуд. Аз ин сарзамин Роҳи Бузурги Абрешим убур мекард ва мамолики чор гӯшаи дунёро бо ҳам мепайваст. Солҳои 329–326 пас аз сарзамини Афғонистонро забт кардани Искандари Мақдунӣ империяи Ҳахомани­шиҳо барҳам хӯрд ва дар шикастапораҳои ин империя давлатҳои алоҳида арзи ҳастӣ карданд, ки давлати Юнону Бохтарӣ аз ҷумлаи онҳост. Ин давлат дастикам бештар аз сад сол вуҷуд дошт ва тадриҷан ҷояшро ба империяи абарқудрати Кушониён дод. Асри 5-и мелодӣ Ҳайтолиён империяи Кушониёнро аз байн бурданд ва дар ин сар­заминҳо Сосониён ҳукмфармо шуданд. Минбаъд давраи футӯҳоти аъроб аст. Дар давраи халифаи дуюми ислом–Умар сипоҳиёни араб дар дарвозаҳои Хуросон пайдо шуда буданд ва аз тариқи Ҳирот бар шимоли кишвар ва аз тариқи Систон ба ҷануби сарзамин ҳамлавар гаштанд. Фотеҳон баъди кушторҳо ғаниматҳо, ғулом ва канизи бисёреро бо худ бурданд ва як қарн си­парӣ гардид. Баъдҳо оҳиста-оҳиста ҷунбишҳои миллии мустақил рӯнамо шудан гирифтанд, ки аввали чунин ҳаракатҳо қиёми Абумуслими Хуросонӣ буд. Сипас давлатҳои сулолавии дигар арзи ҳастӣ намуданд: Тоҳириён (821–873), Саффориён (873–900), Сомониён (875–999), Фариғуниён (250–410 қамарӣ), Лудиҳои Мултон (370–410), Оли Боинҷури Тахористон (232–372), Ғазнавиён (963–1186), Ғуриён (1151–1215), Хоразмшоҳиён (1077–1221).
[[Акс:Portrait miniature of Ahmad Shah Durrani.jpg|alt=Аҳмадшоҳи Дуронӣ (1724-1773)|thumb|[[Аҳмадшоҳи ДуронӣДурронӣ]] (1724-1773)]]
Ташаккули афғонҳо (паштунҳо) ба сифати халқи воҳид ба асрҳои 11–12 рост меояд. Паҳншавии паштунҳо дар Хуросон (Афғонистони имрӯза) дар асрҳои 15–16 оғоз гардид. «Муҳоҷирати бузург»-и афғонҳо ба лашкаркашиҳо ва ҷангҳои хонумонсӯзи Чингизхону Темур (асрҳои 13–14) вобаста аст.
 
Баъди соиқаи хонумонсӯзи Чингиз Мангухон тамоми сарзамини Афғонистонро ба Шамсуддин Муҳаммади Курт вогузошт. Хонаводаи Курт то соли 783 қамарӣ (1381 мелодӣ) ҳукумат ронда, оқибат Оли Курт ба дасти Амир Темур соли 786 қамарӣ (1384 мелодӣ) аз байн рафт. Сипас дар даврони салтанати Ҷало­луддин Акбар писари хурдсоли Ҳумоюн дар Ҳинд шимол Афғонистонро ӯзбакҳои Мо­вароуннаҳр истило намуда буданд. Қисматҳои ғарбӣ, ки Қандаҳор марбути он буд, ба дасти сафавиҳои Эрон афтод ва дар қисмати шарқи Афғонистон ҳаракати озодихоҳӣ ва истиқлолхоҳӣ Афғонистон ба унвони Рӯшониён ба вуҷуд омад. Дар ин байн дар баъзе маҳалҳо қабилаҳои алоҳидаи афғонӣ барои нигоҳдошти иқоматгоҳҳои хеш ва тавсиаи чарогоҳҳо ва заминҳои корами хеш ба самти ғарбӣ юришҳо карда, дар он ҷо муқимӣ шуданд. Аввалҳо қабилаҳои афғонии юсуфзуйҳо навоҳии шимол водии Пешовар (Пишовур)-ро ишғол карда, дар миёнаҳои Афғонистон 16 марватҳо ба вилояти Банну соҳиб шуданд. Ибтидо Афғонистон 17 қабоили ғилзуйҳо ва абдолиён атрофи Куҳҳои Сулаймон ва навоҳии Қандаҳорро аз худ карданд. Дар охирҳои Афғонистон 17 ва авв. Афғонистон 18 музофоти алоҳидаи Афғонистон – Ҳирот ва баъдҳо Қандаҳор ба ҳайати давлати Са­фа­виёни Эрон, Пешовару Кобулу Ғазна ба ҳайати давлатдории Темуриёни Ҳинд дохил шуданд. Дар давраи ҳукмронии [[Нодиршоҳи Афшор]] (1736–1747) тамоми сарзамини ҳамондавраинаи Афғонистон ба империяи ӯ дохил буд. Соли 1747, баъди қатл шудани Нодиршоҳ, афғонҳо шӯриш бардоштанд ва дар натиҷа, давлати афғон – сулолаи Дурронӣ – Аҳмадшоҳи Абдолӣ ба вуҷуд омад. Ӯ дар навбати аввал муғулҳоро саркӯб ва дастнишондаҳои Нодиршоҳро аз Ҳирот берун кард. Империяи Аҳмадшоҳ аз Осиёи Марказӣ то Деҳлӣ ва аз Кашмир то Баҳри Араб тӯл мекашид. Соли 1774 вориси Аҳмад­шоҳ – Темуршоҳ пойтахти мамлакатро аз Қандаҳор ба Кобул кӯчонд. Бо сабаби фарохии ҳудудӣ империяи [[Аҳмадшоҳи Дурронӣ]] мустаҳкаму пур­иқтидор набуд ва сабаби ин камқувватӣ нотифоқии қабилаҳои гуногуни афғон буд. Ҳамчунин дар ин давра фишори беруна низ ба Афғонистон возеҳ ба назар мерасид; ав­валҳо аз тарафи эрониён ва минбаъд аз тарафи англисҳо аз Ҳинди Британиявӣ. Кӯшиши Британияи Кабир барои ғасби Афғонистон (ҷанг­ҳои аф­ғону англис, солҳои 1838–1842 ва 1878–1880) бенатиҷа монд, вале бо вуҷуди ин англисҳо назорати сиё­сати берунаи Афғонимтонро (тибқи қарордодҳои 1879 ва 1893) ба даст гирифтанд.
[[Акс:Shuja Shah Durrani of Afghanistan in 1839.jpg|alt=Дохилии қасри Шоҳ Шуҷоъ|left|thumb|320x320px|Дохилии қасри Шоҳ Шуҷоъ]]
[[Акс:Dost Mohammad Khan of Afghanistan.jpg|alt=Дӯстмуҳаммадхон (1793-1863)|thumb|Дӯстмуҳаммадхон (1793-1863)]]
Сатри 123:
Пас аз Нодиршоҳ 8 ноябри 1933 Муҳаммад Зо­ҳиршоҳ ба сари ҳокимият омада, сиёсати дохилӣ ва хориҷии падарашро идома дод. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939–1945), ки дар раванди он мавқеи бетарафӣ эълон карда буд, Зоҳиршоҳ кӯшиш кард дар Афғонистон навгониҳову тағйирот ба вуҷуд биёрад. Аз нимаи дуюми солҳои 50 Афғонистон 20 муносибатҳои ИҶШС ва Афғонистон густариш пайдо карданд ва аз тарафи Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмони чандин муассисаи иқтисодӣ ва саноатӣ дар Афғонистон оғоз гардид. Дар нимаи авв. соли 1966 ислоҳоти васеи сиёсӣ анҷом дод. Моҳи сентябр Конститутсияи нав қабул шуд, соли 1965 интихобот ба парламент доир гардид. Конститутсияи озодихоҳӣ аҳзоби сиёсиро кафолат дод.
[[Акс:Hamid Karzai in June 2014.jpg|alt=Президенти қаблии Афғонистон Ҳомид Карзай, 2014|thumb|[[Ҳомид Карзай|Президенти қаблии Афғонистон Ҳомид Карзай]], 2014]]
Январи 1965 аз тарафи намояндагони зиёии Афғонистон Ҳизби халқӣ-демократии Афғонистон (ҲХДА) таъсис ёфт ва дар муддати кӯтоҳ ба ду ҷаноҳ – «Халқ» ва «Парчам» тақсим шуд. 17 июли 1973 бар асари табаддулоти мусаллаҳона монархия барҳам дода ва республика эълом дошта шуд; Зоҳиршоҳ аз кишвар берун шуд. Муҳаммад Довуд, ки ҳамзамон вазири дифоъ низ буд, сарвари давлат ва ҳукумат эълон гардид. Вале М. Довуд барои ба эътидол овардани масоили мушкилписанди иқтисодию иҷтимоии кишвар қудрат надошт. Пас аз он ки М. Довуд саркардагони ҲХДА-ро маҳбус кард, афсарони низомии узви ҲХДА 27 апрели 1978 табаддулоти низомӣ карданд, ки дар натиҷа Довуд, хешу ақрабо ва бисёре аз ҳаммаслаконаш ба ҳалокат расиданд. Ба сари давлат Шӯрои инқилобӣ омад ва 30 апр. 1978 Афғонистонро Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ва сарвари ҳизб Нурмуҳаммад Таракиро Раиси шӯрои инқилобӣ эълом дошт. Ислоҳоти густардадомони сотсиалистимаобе, ки иҷборан ҲХДА ба тақлиди таҷрибаи Иттиҳоди Шӯравӣ мехост дар Афғонистон роҳандозӣ кунад, ба мушкилоти сахте мувоҷеҳ шуд. Чунин иқдомот махсусан аз тарафи рӯҳониён хуш пазируфта нашуд. Тад­риҷан дар байни омма норозигиҳо ба вуҷуд омаданд ва ҳукумат ҷавобан нияти ҳал кардани онро бо амали дурушт пеш гирифт. Ин буд, ки шӯришҳои зиддидавлатӣ сар зада, ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфтанд. Ҳукумат қудрат ва чораи ҳалли мушкилоти Афғонистонро наёфта, оқибат ба роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ барои мадади низомӣ муроҷиат кард. Таракӣ сентябри 1979 аз тарафи ҳаммаслаки наздикаш – Ҳафизуллоҳ Амин ба қатл расид. Амин ҷазодиҳии мухолифонро боз ҳам шадидтар кард. Аз сиёсати дохилӣ ва хориҷии Амин роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ норозӣ буд. Ба хоки Афғонистон лашкари шӯравӣ (ба ном қувваҳои маҳдуди низомӣ) ворид гардид ва 27 декабри 1979 Амин ба қатл расида, ҳукуматаш аз байн рафт. Ба сари қудрат Бабрак Кормал омад ва тадриҷан ҷанги шаҳрвандӣ ба ҷанги зидди Артиши Шӯравӣ табдил ёфта, онро мухолифини давлати шӯравӣ дар миқёси байналмилалӣ ҳамчун андешаи умумибашарӣ савқ доданд. Вуруди Иттиҳоди Шӯравиро ба Афғонистон ҳатто СММ маҳкум намуд. Гурӯҳҳои зид­дишӯравӣ, ки худро «муҷоҳидин» қаламдод карда буданд, аз Арабистони Саудӣ ва дигарон мамолики араб, Покистон, ИМА, Хитой ва Эрон ҳар навъ мадад мегирифтанд. Ҳатто баъзе ҷузъу томҳои артиш ба тарафи онҳо мегузаштанд; бисёр афсарҳои артиш бо онҳо иртиботи махфӣ доштанд. Артиши Шӯравӣ ин нооромиҳои дохилӣ ва мудохилаҳои хориҷиёнро ба эътидол оварда натавонист. Ҳарчанд Бабрак Кормалро доктор Муҳаммад Наҷибуллоҳ (майи 1986) иваз карда бошад ҳам, вале мушкилоти ҳалношуда боқӣ монданд ва роҳбарияти нави Иттиҳоди Шӯравӣ мувофиқи созишномаи Женева тасмим гирифт, ки Артиши Шӯравиро аз Афғонистон хориҷ созад (оғоз 15 майи 1986, анҷом 15 феврали 1989). Ҳамзамон пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ (1991) тамоми анвои кумакҳо барои Афғонистон қатъ карда шуданд. Соли 1992 ҲХДА ҳам аз байн рафт. Аз ин ба баъд ҳазорон аъзои ҲХДА мамлакат­ро тарк намуданд ва апрели 1992 Ҳукумати интиқолии муҷоҳиддини мамлакат унвони Давлати Исломии Афғонистонро гирифт. Вале Ҳукумати интиқолии муҷоҳиддин, ки дар Пешовар ташкил шуда буд, ҳокимиятро ба даст гирифт, ҷанги шаҳрвандӣ ҳамоно давом мекард; тадриҷан миёнаи солҳои 90-ум, ҳамчун мухолифи ашаддии ҳукумати мавҷуда, ташкилоти бунёдгароии мусулмонӣ – «Толибон» арзи вуҷуд кард. То соли 1996 Толибон, ки дар ихтиёри худ сарбози бисёр ва аслиҳаи фаровон доштанд, қисмати бештари Афғонистонро (ба шу­мули Кобул) тасарруф намуданд. Бо ишғоли Кобул Толибон Наҷибуллоҳро, ки дар бинои СММ паноҳ ёфта буд, ба қатл расонданд. Аз ин ҳудуд танҳо баъзе вилҳои шим. Афғонистон истисно гардида, дар он ҷо қувваҳои давлати собиқа ҷамъ омада буданд (Иттиҳоди Шимол). Дар мамлакат тартиботи сахту иртиҷоии мутаассибона ҷорӣ гардид: тамоми ашёву маънавиёти марбут ба зиндагии навин ва дунявӣ аз байн бурда мешуданд; ҳатто ёдгори нодиртарини олам–маҷмааи будоии Бомиён ваҳшиёна тарконда шуд. 9 сентябри 2001 фармондеҳи аршади низомӣ, вазири дифои Афғонистон [[Аҳмадшоҳи Масъуд]], ки ба рамзи қаҳрамонӣ ва шуҷоату ватандӯстӣ табдил гардида, ба муттаҳид намудани нерӯҳои муқовимат камар баста буд, аз тарафи ду террористи араб, ки дар либоси хабарнигор ба Афғонистон омада буданд, ба шаҳодат расид. 11 сентябри 2001 дар ИМА фурӯшгоҳи бузурги Манхеттен тарконда шуд ва бо истифода аз ин ҳодиса ИМА, муттаҳидини онҳо ва Иттиҳоди Шимол муқобили «Толибон» амалиёти шаддиди ҳарбӣ шурӯъ карда, асоситарин нерӯҳои онҳоро нобуд сохтанд. Охири соли 2001 сарварони гурӯҳҳои мухолифин ва ақвому қабоил дар Бонн (Олмон) гирд омада, масъалаи сохтори нави давлатдории Афғонистонро матраҳ карданд ва раиси Ҳуку­мати муваққатии исломии Афғонистон [[Ҳомид Карзай]] (22 декабри 2001) интихоб шуд. Моҳи июни соли 2002 дар Луи Ҷирга интихоби раиси Ҳукумати муваққатӣ сурат гирифт ва Ҳ. Карзай ба ин мақом интихоб шуд. Ваколати Карзайро июни 2002 Луи Ҷирга тасдиқ кард. 4 январи 2004 Конститутсияи нави Афғонистон қабул шуд. Худи ҳамин сол интихоботи парламенти дупалатагӣ доир гардид. Октябри 2004 дар интихоботи президентӣ Карзай Сарвари давлат интихоб гардид. Ба ҳамин тартиб дар интихоботи соли 2010 низ Ҳомид Карзай ғолиб омада, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интихоб шуд.[[Акс:Afghan President Ashraf Ghani December 2014 (cropped).jpg|alt=Райиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай|thumb|315x315px|Райиси ҷумҳури Афғонистон [[Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай]]]]Савумин интихоботи Афғонистон дар 5 апрели соли 2014, ки ба даври дувум кашида шуд, аҷобатҳои зиёде дошт. Нахуст ин ки бар асоси иродаи нухбагони қудрат (на иродаи мардум) бидуни ин ки касе дар даври дувум барандаи интихобот эълом шавад ба ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ пардохта шуд. Албатта дар ибтидо мехостанд, [[Муҳаммад Ашраф Ғанӣ]] (он замон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай)-ро баранда эълом кунанд. Аммо пойфишорӣ ва бархӯрдҳои ғайри қобили интизори тарафдорони тими [[Абдуллоҳ Абдуллоҳ]], аз ҳамсангарони [[Аҳмадшоҳи Масъуд|Аҳмадшоҳ Масъуд]] ва чеҳраҳои таъсиргузори тоҷикон дар Афғонистони имрӯз сабаб шуданд, баҳси ҷудо кардани орои поку нопок ба миён биёяд.
 
==== Имзои тавофуқномаи чорсаҳифаӣ миёни [[Абдуллоҳ Абдуллоҳ]] ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай ====
Сатри 163:
=== Меъморӣ ва санъати тасвирӣ ===
[[Акс:Citadel in Herat in 2011-cropped.jpg|alt=Арки Ҳирот дар ғарби Афғонистон, шаҳри Ҳирот. 2011|left|thumb|420x420px|Арки Ҳирот дар  ғарби Афғонистон, [[Ҳирот|шаҳри Ҳирот]]. [[2011]]]]
Ёдгорҳои меъморӣ ва санъати тасвирии Афғонистон таърихи ниҳоят ғанӣ ва қадимӣ доранд. Муҳаққиқон дар санъати қадимии меъмории Афғонистон намунаҳои моддӣ ва маънавии мардумони гуногунро, ки дар давраҳои мухталиф дар ин кишвар зиндагӣ кардаанд, пайдо намудаанд. Дар Афғонистон ёдгорҳои меъмории қадим, аср­ҳои миёна ва муосир хеле фаровонанд. Қадимтарин осори меъморӣ харобаҳои девори қалъаҳо дар Фароҳ ва Балх мебошанд. Ба ҳамин нисбат дар осори хаттӣ аксаран Балхро «Умм-ул-билод» («Модари шаҳрҳо») меномиданд, ки аз сернуфусӣ ва вусъати он дарак медод. Ҳамчунин харобаҳои Ойхонум (дар резишгоҳи дарёи Кӯкча), ҳафриёти Теппаи Шакур дар Ҳадд (ҷануби Афғонистон), Сурх­кӯтал (наздики Пули Хумрӣ) шоҳиди ҳоланд. Бузургтарин маҷмааи маданияти будоия дар Афғонистон, ки ҳар як бинандаро дар ҳайрат мегузошт, Бомиён буд. Дигар ёдгорҳои меъморӣ дар шаҳрҳои Ҳирот, Қандаҳор, Балх, Ғазнӣ, Мазори Шариф, Буст (Лашкаргоҳ) ва Кобул воқеъ гардидаанд, ки ҳар яке таърихи аҷибу ғариб ва ибратомӯз доранд. Дар Ҳирот иншооти бузурги Масҷиди ҷомеъ, ансамбли зебои меъмо­рии Мусалло, Мақбараи Ҳусайн Бойқаро, Мақбараи Алишер Навоӣ, Мақбараи Ҷомӣ, ансамбли меъмории Гозур­гоҳ, Мақбараи Шайх Абдуллоҳи Ансорӣ ва ғайра, дар Қан­да­ҳор Мақбараи [[Аҳмадшоҳи Дурронӣ|Аҳмадшоҳи Дур­ронӣ]], ёдгори меъмории Чилзина; дар Ғазнӣ Мақбараи Султон Маҳмуди Ғазнавӣ (ансамбли меъморӣ), Мақ­бараи Саноӣ, манораи Баҳром, маҷ­мааи қасрии Буст – Лашкаргоҳ, дар Балх харобаҳои девори шаҳр, Мақбараи Абунасри Порсо, Мадрасаи Суб­­ҳон­қу­лихон, Мақбараи Робиаи Балхӣ ва дар Мазори Ша­риф зеботарин намунаи ансамбли меъморӣ – Оромгоҳи ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб; дар Кобул мақбараи Шоҳи Душамшера, алайҳир­раҳма, мақбараи Темуршоҳи Дурронӣ, мақба­раи амир Абдурраҳмонхон, Мақбараи Бодуршоҳ, Мақба­раи Му­ҳаммад Нодиршоҳ ва чандин ёдгори меъмо­рии дигар мебошанд. Дар Афғонистон ёдгорҳои меъмории муосир низ мав­ҷуданд ва ба ҳар муносибати даврони муосир би­но ёфтаанд, ки Манораи Истиқлол (Кобул), Тоқи Зафар (дар Пағмон), Манораи Дониш (Хуст), Манораи Майванд аз ҷумлаи онҳоанд. Аксари ёдгорҳои меъморие, ки номбар шуданд, фақат сирф ёдгории меъмории бос­тон­­шиносӣ ва таърихӣ нестанд, балки аз нигоҳи таърихи санъат арзиши баланди ҳунарӣ доранд, зеро дар онҳо намунаи олии санъати ҳайкалтарошӣ, сангтарошӣ, хиштчинии ороишӣ, кандакорӣ, гачкорӣ, ҳаккокӣ, омезишҳои дигар анвои ҳу­нар­ҳои санъати тасвирӣ ва ороиши амалии элли­низму бох­тарӣ ва ҳиндӣ таҷассум ёфтаанд. Ҳам­чунин дар нати­ҷаи ҳафриёт осори фаровони гаронбаҳои заргарӣ, куло­лӣ, қолибофӣ пайдо гардиданд. Дар рушду равнақи сан­ъати миллии имрӯзаи Афғонистон мактаби санъати тасвирӣ ва ҳу­нармандии Кобул (таъсисаш 1921) мавқеи муҳимму на­­заррас дошт. Ҳаёти воқеӣ, зиндагии мардуми одӣ ва муборизаҳои озодихоҳонаи халқҳои афғон дар асарҳои рас­сомони машҳури Афғонистон Абдулғафур Брешно, Ғавсуддин, Хайрмуҳаммад ва дигарон хеле возеҳ акс андохтаанд. Ҳай­калтарошон Муҳаммадҳайдар ва Муҳаммад­ризои Қан­да­ҳорӣ бо асарҳои гуногунжанри худ хеле маъ­руфият пайдо кардаанд.
 
=== Мусиқӣ ===