Варзишгоҳи марказии Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 48:
 
== Таърих ==
Сохтмони онВарзишгоҳи марказии Тоҷикистон соли 1939 оғоз шуда, солҳои [[Ҷанги Бузурги Ватанӣ]] қатъ гардид. Соли 1946 корҳои сохтмонӣ аз нав шурӯъ шуда, нишаст­го­ҳи ғарбӣ барои 5 ҳазор нафар бунёд ёфт. Соли 1962 трес­ти «Душанбесохтмон» корро давом дод ва дар тӯли як сол майдони асосии варзишгоҳро барои 21 400 нафар ба итмом расонд ва ба фаъолият шурӯъ кард. Масо­ҳа­ти маҷ­маа зиё­да аз 20 га (2014). Дар варзишгоҳ ҳам­чу­нин Ҳавзи шиноварии ҷумҳурӣ, пойгаҷойи бозиҳои дастӣ (соли 1974 ба истифода дода шудааст) ва Қасри теннис (яке аз беҳ­тарин қаср­ҳои варзиш дар Осиёи Марказӣ) во­қеъ гардидаанд. Зӯрхонаи ба номи А. Фирдавсӣ соли 2005 таъсис ёфт. Дар рафти омодагӣ ба Бозиҳои V Осиёи Мар­казӣ пой­га­ҷойи ҳашт­хаттаи варзишгоҳ ва ҷойи ҷаҳидану партоби диску найзаву [[гурз]] бо резини сурхранг – эластур пӯшо­ни­да шуд. Ҳамчунин чуқуриҳои ҷаҳиш таъмир ва ливо­поя­ҳои нав гузош­та шуданд, барои баргузории мусо­би­қот лавозимоти нави варзишӣ мавриди истифода қарор доранд. Айни замон варзишгоҳ дорои 19 ҳазор ҷойи нишаст мебошад (2014). Май­дони футбол соли 2012 азнавсозӣ шуд. Ҳам­чу­нин дар варзишгоҳ Мак­таби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба футбол; Мактаби ҷум­ҳу­риявии ма­ҳо­рати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук; Мактаби ҷум­­ҳурия­вии ма­ҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои зимистона; Мактаби ҷум­ҳурия­вии маҳорати олии вар­зи­шӣ оид ба риштаҳои ама­лӣ; Мактаби варзишии кӯдакону наврасони шаҳр оид ба варзиши сабук, Клу­би футболи «Истиқлол» ва Федератсияи футболи шаҳри Душанбе бозиҳои вар­зи­шӣ ва машқу тамрин мекунанд. Мусо­биқа­ҳои бай­налмил­алӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва тимҳои футболи пойтахт ҳамсола дар майдони варзишгоҳ баргузор мешаванд.
 
== Меъморӣ ==