Факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 35:
Аз соли 2005 то 2008 дар факултет '''[[Ҳаёт Одинаев|Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович]]''' ба ҳайси декан фаъолият намудаанд. Хамткардаи [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|ДДТ]] ба номи В.И.Ленин (1990) аст, доктори илмҳои иқтисодӣ (2005), профессор (2007) буда, дар вазифаҳои ассистент (1990-1998), дотсент (1998-2007) ва профессори (2007 то ҳозир) кафедраи иқтисод ва идораи КАС-и ДМТ, ҷонишини декан оид ба корҳои илмӣ, тарбиявӣ ва таълимии факултет (1995-2001), сардори раёсати таълими ДМТ (2008-2011), вакили [[Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон]] (2011-2012), ректори [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|ДДМТ]] (2012) фаъолият намудааст. Аълочии маорифи Тоҷикистон, аъзои Ассотсиатсияи иқтисодчиёни ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири озмоишгоҳи илмӣ-татқиқотии «Рушди босубот», раиси Шӯрои диссертатсионӣ оид ба дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ мебошад. Муаллифи бештар аз 70 асари илмӣ аст.<br />
Дар солхои 2008-2010 дар вазифаи декани факултет '''[[Раҳматулло Мирбобоев|Мирбобоев Раҳматулло Мадаюбович]]''' фаъолият намудааст. [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|ДДТ]] ба номи В.И.Ленинро (1977) хатм намудааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ (1998), дотсент. Дар донишгоҳ дар вазифаҳои ассистент (1977), муаллими калони кафедраи иқтисоди сиёсӣ (1985-1994), муаллими калон (1994-2002) ва дотсенти кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ (2002 то ҳол), мудири шуъбаи муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ (1998-2001), муовини декани факултети молиявию иқтисодӣ оид ба таълим (2001-2004), декани факултети молиявию иқтисодӣ (2006-2008) ва проректори донишгоҳ оид ба таълим (2010-2012), ректори [[Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон]](2012-2013) фаъолият намудааст. Аз моҳи декабри соли [[2013]] вазифаи муовини аввали вазири маориф ва илмро дар уҳда дорад. Муаллифи зиёда аз 70 асари илмӣ мебошад.<br />
Аз моҳи марти соли 2010 то июли 2013 вазифаи декани факултетро н.и.и., дотсент А.А.Солиев ба уҳда дошт.<br />
Дотсент '''[[Ашурбой Солиев|Солиев Ашурбой Абдувоҳидович]]''' 12.02.1974 таваллуд шудааст. Дар факултети молиявӣ-иқтисодӣ аз соли 1996 кор мекунад. Ба хайси ассистент, муаллими калони кафедра (1999), муовини декани факултети молиявию баҳисобгирӣ оид ба корҳои тарбиявию иҷтимоӣ (1999-2001), таҳсил дар магистратураи Академияи Шабакаи Маълумот (EdNet- Omniversity- ШМА) вокеъ дар ш.Душанбе (2002-2004), муовини декани факултети молиявию иқтисодӣ оид ба корҳои таълим (2004-2006), иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ (2006-2007), мудири кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналхалқии [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|ДДМТ]] (2007-2010) фаъолият намудааст. Аз моҳи декабри соли 2013 вазифаи ректори [[Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон|Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро]] ба уҳда дорад. <br />
Аз моҳи августи соли [[2013]] инҷониб вазифаи декании факултетро д.и.и., профессор '''Давлатов Қ.Қ''' ба уҳда дорад.