Ноҳияи Файзобод: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 107:
 
=== Файзобод дар замони Шӯравӣ ===
{{Гузида
| Баробаркунӣ = right
| Беқатъшавӣ = 1
| Сарлавҳа = Иқтибос аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вохӯрӣ бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Файзобод
| Мундариҷа = <pre>
Ноҳияи Файзобод таърихи бою рангине дорад ва табиати зебо, касбу ҳунарҳои мардумӣ ва ёдгориҳои таърихии он дар бисёр сарчашмаҳои илмӣ аз ҷониби сайёҳону таърихнигорон ба некӣ ёд шудаанд. Дар домани ин куҳандиёр манзараҳои зебову камназир зиёд буда, захираҳои сайёҳии ҳудуди ноҳия ба тарғибу ташвиқ ва сохтмони инфрасохтори зарурии сайёҳӣ ниёз доранд. Чунонки медонед, дар наздикии маркази ноҳия мақбараи Ҳотами Асам ҷойгир аст. Доир ба шахсият ва мақоми ирфонии ин шахсияти шинохта Фаридаддини Аттор, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мавлавӣ Ғулом Сарвари Лоҳурӣ маълумоти ҷолибе додаанд. Мақбараи мазкур ба асри 15 тааллуқ дошта, аз ҷониби олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ мавриди таҳқиқ ва омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифтааст. Ғайр аз ин, дар қаламрави ноҳия шаҳри бостонии Вашгирд, ки таърихи беш аз сеҳазорсола дорад, мавҷуд буда, то ҳол дар сатҳи зарурӣ омӯхта нашудааст. Ободсозии мақбара ва омӯзиши амиқи шаҳри куҳани Вашгирд боз як саҳифаи таърихи ватанамонро равшан намуда, метавонад ба мавзеи ҷолиби сайёҳон ва ҳаводорони таърих табдил ёбад. Дар робита ба ин, Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати идомаи корҳои таҳқиқотӣ ва ободу зебо гардонидани гирду атрофи ёдгориҳои таърихии дар ҳудуди ноҳия кашфшуда тадбирҳои иловагӣ андешанд.
</pre>
| Имзо = ''10 апрели соли 2014''
}}
Пас аз сарнагун шудани Аморати Бухоро ва ташкил гардидани Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро, Файзобод яке аз туманҳои водии Ҳисор   маҳсуб мешуд. Вақте Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон (соли 1924) ва Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1929) ташкил ёфтанд, ҳудуди имрӯзаи Файзобод (ба ғайр аз ҷамоатҳои деҳоти Чашмасор, Қалъаидашт ва Мискинобод) дар тобеияти ноҳияи Янгибозор, шаҳри Ваҳдати ҳозира қарор дошт. Мустақилияти ноҳияи Файзободро Кумитаи Иҷроияи Марказии РСС Тоҷикистон бо қарори № 32 аз 14 июни соли 1931 қонунӣ гардонд. Зери ин қарор Раиси КИМ РСС Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва котиби КИМ РСС Тоҷикистон А. Зиннатшоев имзо гузоштаанд. Ба тобеияти ноҳияи Файзобод нуҳ ҷамоат Файзобод, Гумбулоқ, Хоҷамард, Дубеда, Диишо, Шолипая, Норак, Чакалӣ, Меҳрозӣ, ва қисми деҳаҳои ҷамоати Якабед дохил мешуд. Маркази ноҳияи Файзобод деҳаи Дарагиён муқарар карда шуд.[[Акс:Binoi hukumat.jpg|alt=Бинои ҳукумат (солҳои 2008)|thumb|300x300px|Бинои ҳукумат (солҳои 2008)]]