Гулӯлапартоӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
[[Акс:1912 Patrick McDonald.JPG|150px|thumb|Чемпиони олимпии соли 1912 [[Патрик Макдоналд]] (ИМА)]]
'''Гулӯлапартоӣ''' (Партоби вазна) — [[Мусобиқа|мусобиқаи]] бо даст ба масофаи дур пар­тофтани асбоби махсуси варзишӣ – [[гулӯла]]. Гулӯлапартоӣ яке аз навъҳои техникии [[варзиши сабук]] буда, аз [[варзишгар]] қув­ваи бозу ва мутобиқати ҳаракатро тақозо менамояд. Гулӯлапартоӣ ба барномаи [[Бозиҳои олимпӣ]] (мардҳо – аз соли 1898, занҳо – аз соли 1948) дохил карда шудааст.<ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]], Ҷилди 4. ВИЧЛАС – ГӮЯНДА – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2015, - с.566 </ref>
== Қоида ==
Вазни гулӯла барои мардҳо – 7,257 кг, барои занҳо – 4 кг. Ширкаткунандаи му­собиқа дар дохили давраи қутраш 2 м 135 см дар ҳола­ти омодабош қарор гирифта, бо як дасташ гулӯ­ларо то сари китф бардошта, паҳлуи гӯш ва зери манаҳ нигоҳ медорад. Ӯ дар дохили давра чархида, гулӯларо бо қувваи як даст таҳти кунҷи 350 ба дарозӣ мепартояд. Панҷаи даст дар вақ­ти партофтани гулӯла бояд аз ҳолати омодабош поин нафурояд. Ҳангоми партофтани гулӯла дастпӯ­шак гириф­тан ва докапеч кардани кафи дасту ангуштон мамнӯъ аст. Агар кафи дасти варзишгар захм дошта бошад, вай бояд пе­шакӣ ба довар муроҷиат намояд, то ки довар дар бораи дар мусобиқа иштирок кардани ӯ хулоса барорад. Агар варзишгар ҳангоми партофтани гулӯла аз давра берун барояд ва ё то ба замин бархӯрдани гулӯла ба канори болоии дево­раи давра даст расонад, натиҷаи ӯ беэътибор дониста мешавад. Баъзан варзишгарон ҳангоми партоби нобарор қас­дан аз давра берун мебароянд, то ки партоби онҳо чен карда на­шавад. Гулӯла аз ҷониби варзишгар шаш бор ба масофа партофта мешавад. Агар ширкаткунандагони мусобиқа беш аз ҳашт нафар бошанд, баъди се дафъаи партоби гулӯла ҳашт вар­зишгари беҳтаринро ҷу­до мекунанд, ки баъди се дафъаи пар­тоби гулӯла варзишгари беҳтарин муайян мешавад.