Бурҳонуддин Раббонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
No edit summary |
|||
Сатри 37:
Бурҳонуддин Раббонӣ бо дарки дуруст ва фаҳми омили дипломатӣ дар фаъолияти муҷоҳидин, бо пазируфтани ҳама душвориҳои сиёсӣ аз аввалин солҳои ҷиҳод ба фаъолтарин раҳбари сиёсии муҷоҳидон табдил ёфта буд. Соли 1980 дар конфронси кишварҳои исломӣ дар Исломобод ба намояндагӣ аз гурӯҳҳои исломии Афғонистон ширкат карда, тавонист таваҷҷуҳи кишварҳоро ба мавзӯи Афғонистон ҷалб намояд. Бурҳонуддин Раббонӣ бо вуҷуди вокуниши манфӣ ва созмондиҳишуда бар зидди ӯ соли 1987 ба ИМА сафар намуд ва бо Президенти ин кишвар Р. Рейган дар Қасри сафед дидор кард. Баъд аз хуруҷи нерӯҳои Шӯравӣ аз Афғонистон бо дарки шароити навини сиёсӣ ва бо дар назар доштани диди стратегӣ дар сиёсатҳои минтақавӣ 11–15 ноябри 1991 дар сафари Маскав қарор дошт ва бо роҳбарони ин кишвар мулоқот намуд.
Бурҳонуддин Раббонӣ дар дохил ягона раҳбари сиёсие буд, ки бо ҳама аҳзоби ҷиҳодӣ – ҳам аҳзоби мустақар дар Покистон ва ҳам аҳзоби исломии Афғонистон, ки дар Эрон буданд, робитаи хуб дошт. Солҳои 1988–89 Бурҳонуддин Раббонӣ вазифаи вазири бозсозии «Ҳукумати интиқолӣ»-и муҷоҳидон ва солҳои 1989–92 вазифаи вазири корҳои хориҷии ин ҳукуматро, ки дар Пешовари Покистон ташкил шуда буд, ба уҳда дошт. Маҳз нерӯҳои «Ҷамъияти исломии Афғонистон» бо роҳбарии ӯ соли 1992 шаҳрҳои муҳимми Афғонистонро пайи ҳам фатҳ карданд. Нерӯҳои таҳти фармондеҳии [[Аҳмадшоҳи Масъуд]] баъд аз озод намудани Тахор пойтахти Афғонистон – Кобулро зери назорат гирифтанд. Нерӯҳои «Ҷамъияти исломии Афғонистон» таҳти фармондеҳии Исмоилхон вориди Ҳирот шуданд ва вилоятҳои ҳавзаи ҷанубу ғарбро яке паси дигаре озод карданд. Нерӯҳои фармондеҳи «Ҷамъияти исломии Афғонистон» Нақибуллоҳ Қандаҳорро фатҳ карда, [[Ато Муҳаммади Нур|Атомуҳаммади Нур]] ва дигар фармондеҳони «Ҷамъияти исломии Афғонистон» нерӯҳои худро вориди Мазори Шариф намуданд. Яъне, «Ҷамъияти исломии Афғонистон» дар суқути низоми Ҳизби демократӣ халқии Афғонистон нақши асосиро ифо намуд.
Бурҳонуддин Раббонӣ 28 июни 1992 баъд аз хатми давраи думоҳаи раёсати Сибғатулло Муҷаддадӣ ба унвони Раиси ҷумҳури муваққат вориди Арк гардид. Декабри 1992 дар Шӯрои аҳли ҳалл ва ақд Бурҳонуддин Раббонӣ Раиси ҷумҳури кишвар барои 2 соли оянда интихоб гардид. Соли 1994 бо сабаби набудани шароити муносиб барои интихобот Додгоҳи олии Давлати исломии Афғонистон салоҳиятҳои раиси давлатро барои ду соли дигар тамдид намуд. Давраи раёсати Бурҳонуддин Раббонӣ яке аз пурмоҷаротарин давраҳои таърихи муосири Афғонистон ба шумор рафта, ба таҳлилу тадқиқи муфассал зарурат дорад ва бояд авомили зиёди дохилӣ ва хориҷии таъсиргузор решаёбӣ шаванд.
|