Тирукамон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Dexbot (баҳс | ҳисса)
х Removing Link FA template (handled by wikidata)
No edit summary
Сатри 1:
{{ятим}}
[[Акс:amir.jpg|thumb]]
[[Акс:Rainbow formation.png|thumb|250px|]]
 
'''Тирукамон''' (رنگين کمان - ''рангинкамон, камони Рустам, қавси кузаҳ'') — [[Камон|камони]] ҳафтранге, ки аз таҷзияи нури [[Офтоб]] дар қатраҳои оби [[борон]] ва фаввораи об падид меояд.
'''Тирукамон ва ё Рангинкамон''' - ин як аҷоиботи табиист, ки баъд аз боридани борон [[ранг]]ҳои гуногун монанди нимкура дар фазо пайдо мешаванд.
 
Тиру камон як ҳодисаи оптикиест, ки дар гунбади осмон дар намуди камони ҳарранга намоён мешавад. Он дар мавриди пардаи борониро (ки дар муқобили Офтоб воқеъ аст) равшан кардани Офтоб ба аммал меояд. Маркази тиру камон дар тарафи хати росте мехобад, ки он аз маркази қурси Офтоб ва чашми мушоҳид мегузарад (яъне дар нуқтаи муқобили Офтоб воқеъ аст).
{{ҷавона}}
 
Қавси тиру камон қисми доираеро мемонад, ки дар атрофи ин нуқта бо радиуси 42° кашида шудааст, тартиби рангҳои спектри Офтоб як хел аст ва одатан, аз берун сурх ва аз дарун бунафш аст.
 
Баъзан аз тарафи канори дохилӣ камонҳои дуюмини ранга намоён мешаванд, ки онҳо ба тиру камони асосӣ ҳамҳудуданд. Қисми намоёнӣ тиру камон ба мавқеи Офтоб вобаста аст; агар Офтоб дар уфуқ воқеъ бошад, тиру камон шакли нимдоираеро мемонад ва баробари баландшавии Офтоб қисми намоёни камон хурд шуда, ҳангоми ба 42° расидани баландии Офтоб (нисбат ба уфуқ) ҳодисаи тиру камон ба охир мерасад. Ҳодисаи монанди тиру камонро дар назди фаввора ва шаршараҳо низ мушоҳида кардан мумкин аст. Он дар натиҷаи таъсири рӯшноии Моҳ ва манбаъҳои сунъии рӯшноӣ низ ба амал омаданаш мумкин аст.
 
Нахустин назарияи тиру камонро Р. Декард соли 1637 баён кард. Назарияи бештар саҳеҳи тиру камонро соли 1836 астрономи англис Ҷ. Эрӣ пешниҳод ва онро охири асри 19 геофизики австриягӣ Ч. М. Пернтер инкишоф дод. Ин назария ба ҳодисаҳои дифраксия ва интерференсияи нури Офтоб дар панҷараи қатраҳои борон асос ёфтааст.
 
== Ибороти ҳифзӣ ==
Рангҳо дар рангинкамон ба тартиби пайдарпайи рангҳои спектри Офтоб ҷойгиранд. Дар [[забони тоҷикӣ]] ва чунин ибораи мнемоникӣ барои дар хотир доштани ин пайдарпайӣ вуҷуд дорад:
* '''С'''айёд '''н'''ияти '''з'''адани '''с'''ад '''о'''ҳу '''к'''арда '''б'''уд.
Дар ин ибора ҳарфи аввали ҳар калима ба ҳарфи аввали номи ранги муайян мувофиқ омадааст.
* '''''С'''айёд'' — сурх
* '''''Н'''ияти'' — норинҷӣ
* '''''З'''адани'' — зард
* '''''С'''ад'' — сабз
* '''''О'''ҳу'' — осмонӣ
* '''''К'''арда'' — кабуд
* '''''Б'''уд'' — бунафш
 
== Инҷоро ҳам бингаред ==