Азон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
'''Азон''' ([[арабӣ]]:{{Забон-ар}} '''اذان'''– эълом кардан, огоҳ намудан) — бонги [[намоз]], садои баланди даъват барои намозхонӣ.
{{иқтибос|муаллиф=[[Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ|Шамси Табрезӣ]]|Касе, ки чеҳраи ӯ дид, ӯст з -аҳли '''''азон''''',|Касе,ки қомати ҷон дид, ӯ зи аҳли садост.}}
Азон маҷ­мӯи зикрҳои мушаххас, ки тавассути он мусулмонон аз фаро расидани вақти намоз огоҳ карда мешаванд. Гуф­тани азондар соли дуввуми ҳиҷрӣ баъди таҳвили қиб­ла аз Бай­тул­муқаддас ба сӯйи Каъба шурӯъ шудааст. Фарқи иқомат (онро мардум қо­мат ҳам мегӯянд) аз азон танҳо дар он аст, ки дар иқомат баъди «Ҳаййа ала-л-фалоҳ» ду бор «Қад қомати-с-салот» гуфта мешавад, Дар азон тарассул, яъне баъд аз ҳар таъбир таваққуф намудан, ам­мо дар иқомат шитоб кардан муста­ҳаб аст. Азон ба забони арабӣ гуфта мешавад. Дар азони намози бомдод баъди «Ҳаййа ала-л-фалоҳ» ду бор «ас-сало­ту хайрун мина-н-навм» афзуда мешавад. Муаззин дар вақ­ти азон ва иқомат гуфтан бояд рӯ ба қибла бошад; рӯйи худро дар ҳолати гуфтани «Ҳаййа ала-с-салот» ба ҷониби рост ва ҳо­лати гуфтани «Ҳаййа ала­-л-фалоҳ» ба ҷо­ни­­би чап би­гардонад; ҳан­гоми гуф­та­ни азон ду ангушти худро ба гӯш­ҳояш бини­ҳад. Азон ва иқо­мат, бар хи­­лофи хут­­­ба, бояд дар ма­кони гуногун гуфта шаванд.
 
Барои намози қазоӣ низ азон ва иқомат гуфтан суннат аст. Муаззин дар ҳолати гуфтани азон ва иқо­мат бояд бовузӯ бошад. Пеш аз даромадани вақ­ти намоз, ба ҷуз намози бомдод, азон гуфта намешавад. Агар пеш аз вақти намоз азон гуфта шавад, он бояд баъди ба охир расидани вақти намоз низ гуфта шавад. Азон ва намоз барои мусофир низ суннат аст. Агар шах­се дар хонаи худ, ки дар шаҳр аст, намоз бигзорад, пас, бояд азон ва иқомат гӯяд, ле­кин агар азонро тарк кунад, ҷоиз аст, чунки азони мас­ҷиди ма­ҳалла кифоят мекунад. Азон дар баъзе мав­­ридҳои дигар низ гуф­та мешавад. Масалан, дар мавриди рухдод ё кори му­ҳимме, ки ба огоҳо­ни­дани мардум ва гир­­­до­­ва­рии онҳо ниёз бо­­шад. Дар миёни мусулмонон, аз ҷумла то­ҷи­кон, дар гӯ­ши кӯдаки навзод азон ва дар гӯши чапи ӯ иқо­мат гуфтан ҳам маъмул аст. Ин амал­ро бояд падари навзод ба ҷо орад.
 
С. Маҳмадуллоев.
 
==Манбаъ==
Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 1 А – О./Дар зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р.Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ. – Москва 1969, - c. 47
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Азон"