Вишну: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Сатри 1:
[[Акс:Bhagavan Vishnu.jpg|thumb|Вишну]]
'''Вишну ё Башн''' - эзади бузурги ведоӣ ва яке аз се худои[[худо]]и умдаи ҳиндуст[[ҳинд]]уст ки бо Барҳаман ва Шиво таслиси оини ҳинду ё Тримуртиро ташкил медиҳанд. Бисёре аз сифоти Вишну ҳамонанди Тири эронист ва нилуфар аз нишонаҳои хоси ӯ ба шумор меравад. Вақте Вишну дар хоб буд Барҳамо ба сурати гули нилуфар аз нофи Вишну рӯид.
Вишну офаридгори ҳамаи коинот дониста мешавад. Арродае дошт ба номи гаруда ки маркуби мурғе буд ва он мурғ подшоҳи мурғон ва ба сурати «дол» ё каркаси афсонаӣ (ниме паранда, ниме инсон) тасаввур мешуд ва бадани гаруда чунон дурахшон буд ки онро бо Агнӣ – худои оташ иштибоҳ мегирифтанд. Ӯ душмани мор буд зеро Ҳувӣ модараш (номодариаш) модари тамоми морҳо ба шумор мерафт.
Вишнуро дорои неруи ҳифзу ҳафозат ва ҳиросат қоим ба зот ва муставлӣ бар ҳама чиз мешинохтаанд ва дар ин ҳолат ӯро ба унсури об ки пеш аз хилқати ин ҷаҳон дар ҳама ҷо сорӣ ва ҷорӣ буда, мансуб дошта ва ба ҳамин ҷиҳат ӯро «норойн» яъне мутаҳарик дар обҳо хондаанд. Ин эзадро дар ривоёти ҳиндӣ ба сурати буте бо чаҳор дасту бозу муҷассам мекунанд, ки бистари ӯ морест ҷовид бо ҳафт сар ба номи «Анонто» (Анонтлои азалийят). Ҳар вақт қувои шарр бақои оламро ба хатар меандозанд, Вишну аз бистари худ бармехезад ва ба ҳимояту ҳифзи олам мешитобад. Вишну ҳамонанди Баҳром дорои даҳ таҷаллии мухталиф аст. Дар таҷҷалии даҳум ки охирин марҳилаи зуҳури ӯ ва асри танозеъи ҳаққу ботил аст, навъи башар тавре фосид ва зоеъ мешавад, ки дигар Вишну қодир ба наҷоти ӯ нест ва ночор навъи инсонро ба куллӣ маъдум месозад ва дунёе аз нав бино мекунад ва Вишну саранҷом ба сурати кокулӣ дар меояд ва бо шамшер дар даст оламиёнро нобуд месозад. <ref> [http://sadaishargh.tj/index.php/far-ang Сомонаи “Садои Шарқ”, Фарҳанг ]</ref>
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Вишну"