Ҷанги таҷовузкорона: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
таҳрир
х навсозии маълумот
Сатри 1:
'''Ҷанги таҷовузкорона''' — навъи [[ҷанг]] ва [[ҷинояти байналмилалӣ]] буда, ба гурӯҳи [[ҷиноят]]ҳо ба муқобили сулҳу[[сулҳ]]у амнияти инсоният дохил мешавад. Мувофиқи м. 1 Замима ба қатъномаи [[Ассамблеяи Генералии СММ]] аз [[14 декабр]]и [[соли 1974]] [[ҷанг]] дар ҳолатҳои иетифодаи қувваҳои мусаллаҳи давлат ба муқобили соҳибихтиёрӣ, дахлнопазирии ҳудудӣ ё мустақилияти сиёсии давлати дигар ё бо ягон тарзи дигар халалдор сохтани онҳо, ки бо оинномаи СММ мутобиқат намекунад, таҷовузкорона эътироф мешавад.
 
Ҷанги таҷовузкорона мувофиқи м.5 банди 2 қатъномаи дар боло номбаршуда ҷиноят ба муқобили сулҳи байналмилалӣ эътироф мешавад. Бинобар ин дар КҶ ҶТ низ он дар қатори ҷиноятҳо ба муқобили сулҳу амнияти инсоният ҷой гирифтааст. КҶ ҶТ ҷавобгарии ҷиноятиро барои ба нақша гирифтан, тайёр кардан, оғоз ё пешбурди ҷанги таҷовузкорона (м.395), инчунин барои даъвати оммавӣ барои сар кардани ҷанги таҷовузкорона (м.396) пешбинй мекунад. Ба нақша гирифтани ҷанги таҷовузкорона, яъне аз тартиб додани нақшаву лоиҳаи сафарбарнамоӣ ва ташкиливу техникй, ба ҳисоб гирифтани талабот ба одамон, захираҳои моддиву техникӣ ва захираҳои дигар, ки барои пешбурди ҷанг кофиавд, ба амал баровардани амалиётҳои алоҳидаи ҷангӣ ва ғ. иборат аст.
 
Тайёр кардани ҷанги таҷовузкорона аз татбиқи чораҳои хусусияти ташкиливу ҳарбӣ ва моддиву техникӣ дошта бо мақсади таъмини тайёрӣ ба огозоғоз намудани ҷанги таҷовузкорона иборат мебошад. Ба ҳаракатҳои тайёрй
барои бурдани ҷанг дохил мешаваид; ҷойгир намудани воҳидҳои ҳарбй дар ноҳия ё минтақаи гузаронидани амалиётҳои ҳарбӣ, ба истеҳсоли ҳарбии хусусияти ҳуҷумкунанда дошта ҷалб намудани корхонаву ташкилотҳои дахлдор, пурзӯр намудани фаъолияти ҷосусйҷосусӣ нисбати тарафи муқобил, гузаронидани машқҳои ҳарбии ба шароити ҷангӣ наздик ва ғ.
Оғоз кардани ҷанги таҷовузкорона ба таври вокеӣвоқеӣ сар кардани ҷанг аст, ки он мумкин аст дар шаклҳои гуногун зоҳир шавад. Масалан, дар шаклҳои ҳуҷум намудани қувваҳои мусаллаҳи як ё якчанд давлат ба ҳудуди давлати дигар; бомбаборон намудани ҳудуди давлати дигар ва ғ.
 
Зери мафҳуми ''пешбурди ҷанги таҷовузкорона муқобили давлати дигар'' бо истифода аз яроқ давом додани амалиёти ҳарбӣ фаҳмида мешавад. Ҷиноят танҳо бо қасди бевосита содир мешавад. Субъекти ҷинояти мазкур шахсони мансаби давлатиро ишғолкунандае шуда метавонанд, ки ваколати ба нақша гирифтан ва ҳал намудани масъалаҳои хусусияти ҳарбӣ доштаро доро мебошанд. <ref>Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 553-554</ref>
==Нигаред==
*[[Мақсади таҷовузкорона]]
*[[Минтақаи амалиётҳои ҳарбӣ]]
== Манбаъ ==
<references/>
{{ҷавона}}
[[Гурӯҳ:ҶангҲуқуқи байналмилалӣ]]
[[Гурӯҳ:Мафҳумҳои ҳуқуқҶанг]]