Раҳмон Набиев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 55:
 
== Фаъолияти сиёсӣ ==
=== ҶШС Тоҷикистон ===
 
Аз соли 1961 ӯро ба корҳои ҳизбӣ мегузаронанд. Ӯ ба ҳайси муовини мудири шӯъба ва баъдан мудири шӯъбаи Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, нозири Бюрои Осиёимиёнагии КМ Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ низ фаъолият кардааст.
 
Солҳои 1971-73 вазири хоҷагии қишлоқ, солҳои 1973-1982 раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон будааст. Солҳои 1982-1986 Котиби аввали КМ ҲКТ буд. Ӯ инчунин депутати даъватҳои 9-11-уми Шӯрои Олиии Иттиҳоди Шӯравӣ ва соли 1990 депутати Шӯрои Олии ҶТ интихоб мешавад. Сентябри соли 1991 ӯро Раиси ҳамин Шӯрои Олӣ интихоб мекунанд.

=== Президенти Тоҷикистон ===
24-уми ноябри соли 1991 дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аввалин интихоботи президентӣ баргузор мегардад, ки дар он Раҳмон Набиев бо касби 56, дар сади оро ғолиб дониста мешавад. Мухолифонаш ӯро ба тақаллубкорӣ муттаҳам месозанд.
 
=== Ҷанги шаҳрвандӣ ===
{{асосӣ|Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон}}
Моҳи майи соли 1992 дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ мешавад. Ҳодисаҳои сиёсии кишвар аз он шиддат мегиранд, ки дар телевизиони тоҷик барномаеро бо ширкати марҳум Сафаралӣ Кенҷаев доир мекунанд, ки дар он Кенҷаев вазири умури дохила Мамадаёз Навҷувоновро ба содир кардани корҳои ғайриқонунӣ дар вазораташ айбдор мекунад.
 
Line 70 ⟶ 75:
Дар сессияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Хуҷанд баргузор гардид, ӯ дар суханронии худ аз сиёсати пешгирифтаи Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ кард.
 
== Марг ва дафн ==
Раҳмон Набиев 11-уми апрели соли 1993 дар хонаи худ, дар Хуҷанд аз дунё чашм мепӯшад. Расман сабаби марги ӯро ҳамлаи қалбӣ эълон карданд. Вале муҳаққиқону коршиносон фарзияҳои дигарро низ пешниҳод мекунанд.