Энсиклопедияи миллии тоҷик: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 6:
Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик [[20 март]]и соли [[2013]] ҷилди дуввуми донишномаи бисёрҷилдаи «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик»-ро ба нашр расонд. 25 дарсади иттилоот марбут ба ҳарфи «А» ба ҷилди дувум гузаштааст.<ref>Ҷилди дуввуми Энсиклопедияи Миллии Тоҷик ба нашр расид - Ховар [http://www.khovar.tj/culture/26907-1206ildi-duvvumi-ensiklopediyai-millii-to1207ik-ba-nashr-rasid.html]</ref>
== Таърих ==
{{асосӣ|Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик}}
Бинобар ин бо Фармони Президенти Тоҷикистон дар давлати соҳибистиқлол, куҳанфарҳанг, мутамаддин, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди мо низ ба таҳияу тадвини энсиклопедияи миллии бисёрҷилда пардохта шуд, зеро дар китобҳои энсиклопедӣ таърихи кишвар, илм, иқтисодиёт, хоҷагии деҳот, маданият, адабиёту санъат, урфу одат, маросимҳо, ҳаёту фаъолияти шахсиятҳои бузург, ходимони маъруфи ҷамъият, намояндагони мумтози илму маърифат, адибон, ҳунармандон ва санъатварони маъруф дарҷ хоҳанд шуд. Дар айни замон дар саҳифаҳои «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» бахше аз матолиб оид ба таърихи ҷаҳон, муҳимтарин дастовардҳои илму техника ва фарҳанги ҷаҳонӣ, ҳаёт ва кору пайкори нобиғагони ҷаҳонӣ, ки аз ҷиҳате ба ҳаёти миллати мо иртибот доранд ва ё ибратомӯзанд, сабт хоҳад гардид. Зеро «таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ҳеҷ як миллат наметавонад бидуни баҳравар шудан аз тамаддуни муштараки миллатҳову қавмҳои ҳамҷавор ба сари худ миллати тавонову бофарҳанг созад ва дар тӯли ҳазорсолаҳо бобақову поянда монда тавонад».<ref>Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориёӣ то Сомониён. Душанбе, 2009, саҳ. 8.</ref>
 
Line 17 ⟶ 18:
Аксари мақолаҳои энсиклопедиро вобаста ба тахассусҳои гуногун олимони маъруф навишта, мақолаҳои мураттибӣ ва тарҷумавиро низ мутахассисони варзида аз маъхазу манбаъҳои мӯътамад тартиб додаанд, ё тарҷума кардаанд.
 
Тамоми мақолаҳои ҷилди аввали ЭМТ-ро бидуни олимон-мутахассисони ҷудогонаи соҳаҳои гуногуни илм, аъзои Шӯрои илмӣ-таҳририи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда хонда маъқулу манзур ва ба чоп тавсия намудаанд. Тартиби омода кардани ҷилдҳои минбаъдаи ЭМТ низ ба ҳамин усул идома хоҳад ёфт.
 
== Мундариҷа ==