Фарқият байни намунаҳои "Ноҳия"

no edit summary
2.'''Ноҳия''' - дар [[ҳуқуқ]]и конститутсионӣ ҳамчун воҳиди марзию маъмурӣ эътироф шудааст. Дар ҶТ ноҳияҳо дар ҳайати ҳамаи [[вилоят]]ҳо мавҷуданд ва инчунин як қисми ҳудуди [[ҷумҳурӣ]] ба ноҳияҳо ҷудо мешавад. Мувофиқи [[Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон]] ва [[Қонун]]и конститутсионӣ «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии ҶТ» аз 4 ноябри с.1995 ноҳияҳоро [[Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон]] бо пешниҳоди [[Ҳукумат]]и ҶТ дар асоси илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи дахлдор ташкил ва барҳам медиҳад. Дар ҶТ ноҳияҳо ба ноҳияи деҳавӣ ва ноҳияи шаҳрӣ ҷудо мешаванд. Ҳангоми ташкили ноҳияи деҳавӣ сарҳад ва маркази маъмурии он ва дар вақти ташкил додани ноҳияи шаҳр бошад, сарҳади он муқаррар карда мешавад. Ҳоло дар ҶТ фақат [[шаҳр]]и [[Душанбе]] ба ноҳияҳои шаҳр тақсим мешавад. Ноҳияҳо ба шаҳраку деҳа ҷудо мешаванд. Дар ҳайати баъзе ноҳияҳои деҳавӣ шаҳрҳои тобеи ноҳия ҷойгиранд. <ref> Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 533 </ref>
==Нигаред==
:[[Ноҳияи шаҳр]]
:[[Шаҳри аҳамияти ноҳиявӣ]]
== Манбаъ ==
<references/>