Сураи Бақара: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 49:
# Дар ояти 213-ум Қуръони карим аз ваҳдати ҷомеаи башарӣ дар ибтидои офариниши насли инсон ва ҳамин тавр, фиристода шудани силсилаи пайғомоварон пас аз афзоиш ва ташаккули он ба шакли ақвом, халқиятҳо ва нажодҳо ёдовар шуда, аз ин тариқ – исботи ягонагии асли инсоният ва ваҳдати асли рисолоти илоҳӣ – пайравони динҳо, тамаддунҳо ва ҷомеаи ҷаҳониро дар умум ба сӯи ҳамгароӣ ва ваҳдат дар атрофи арзишҳои волои инсонӣ ва муштаракоти динӣ фаро мехонад.
 
=== '''Қонунгузории исломӣ ва барномаи ибодатҳо''' ===
# Бақара бори дигар ба мавзӯи ибодатҳо, муомилот ва диг. низому тартиботи ҷамъиятӣ баргашта, ҳар кадоми он­ҳоро ба таври алоҳида баён ва таъкид намудааст. Он қо­нунҳои иҷтимоӣ ва барномаҳои ибодатие, ки ба ин муносибат зикр гардидаанд, умуман, иборатанд аз: а) барпо доштани намоз, б) пардохтани закот ва масрафҳои он, в) аҳ­ко­му аркони рӯза, г) аҳкому маносики ҳаҷҷу умра, д) ҷи­ҳоду мубориза дар роҳи истиқрори низоми ислом, ж) қисос, васият, ҳифзи моли ятим ва диг. тартиботи ҷамъи­­ятӣ, з) хостгорӣ, издивоҷ, талоқ, разоъ, идда, ҳайз, ҳукми никоҳи мушрикон ва диг. муносибатҳои хонаво­дагӣ.
# Ҳамчунин, дар Бақара зиштӣ ва қабоҳати рибохорӣ баён гардида, табақаи рибохорон ба таври шадиде мавриди накӯҳиши Худованд қарор гирифта, бар зидди рибохорон муборизаи беамон эълон гардидааст. Ислом бо ин бархӯрди шадиде, ки алайҳи падидаи рибову рибохорӣ доштааст, тавонистааст, ки иқтисоди рушдёбандаеро барои мусулмонон муҳайё созад ва низоми молии худро аз ҳар гуна осебпазириҳои мақтаӣ ва суистифодаҳои ту­фай­лӣ ва муфтхӯрона ҳифз намояд.
Сатри 64:
# Бирри (ҳусни муошират ва некӯӣ бо) волидайн, некӣ ба хешовандон, ятимон, дармондагон ва умуман, ҳамаи мардум, насиҳати фарзандон ба ҳифзи мероси фарҳангӣ ва риояи расму ойини динӣ ва диг. макорими ахлоқ мавриди ташвиқ ва таъкид қарор гирифтаанд.
 
=== '''Ишораҳои илмӣ ва ҳақоиқи кавнӣ''' ===
# Қуръони карим дар чандин ояти сураи Бақара ба зикри ҳақоиқи илмӣ ва ишороти кавние пардохтааст, ки башарият пас аз пешрафтҳои азими илмӣ дар ин авохир ба кашфу исботи онҳо даст ёфта, дар он айём ҳанӯз ба ин шакл макшуф нагашта буданд. Аз ҷумла, дар ояти 17-уми Бақара фарқи нур аз зиё ба хубӣ баён гардидааст, ки то ин авохир тафовути онҳо барои донишмандони соҳаи физикаи оптикӣ маълум набуд.
# Дар Бақара ва чанд сураи дигар калимаи самъ (шунавоӣ) аз басар (биноӣ) пеш оварда шудааст, ки ба аҳаммияти вазифаи узвии он (самъ) дар ҳаёти инсон далолат менамояд ва аз ҷиҳати илмӣ низ собит шудааст, ки дастгоҳи шунавоӣ дар ҷанин пеш аз дастгоҳи биноӣ ташаккулу  такомул меёбад ва ҷанин дар умри чаҳормоҳаи худ дар батни модар мешунавад.