Сураи Бақара: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 20:
|Рақам бо таври хатӣ = дувум
}}
Бақара аз ҷумлаи аввалин сураҳои маданӣ буда, дарозтарин сураи Қуръон – дорои 286 оят мебошад. Дар мусҳаф дувумин сураи Қуръон ва яке аз ҳафт сураи дароз (ассабъ-ут-тивол) аст. Мутобиқи ривоятҳо ва баъзе қаринаҳо, дар муддати даҳ соли пас аз ҳиҷрат ба муносибатҳои гуногуне ба Пайғамбар (с) нозил шудааст. Масалан, оятҳои 190-ум то 194-ум дар ҳукми қитол дар ҳарими Каъба, дар охирҳои соли шашуми ҳиҷрӣ, пас аз сулҳи Ҳудайбия, ояти 183-юм, ки ҳукми фаризаи рӯзаро баён месозад, дар ибтидо ва ё пеш аз моҳи Рамазони соли дувуми ҳиҷрӣ, ояти 281-ум соли даҳуми ҳиҷрӣ дар ҳаҷҷат-ул-вадоъ дар сарзамини Мино нозил шудааст. Ба манзури эҳёи хотираи муъҷизае, ки дар замони Мусо (ъ) ба вуқӯъ пайваставу дар оятҳои 67–71 зикр гардидааст, сура ба номи Бақара (гов) номгузорӣ шудааст (ҳамон гуна ки сураҳои дигари Қуръон ҳам ба номи муҳимтарин мавзӯи худ номгузорӣ шудаанд). Банӣ Исроил дар замони Мусо (ъ) барои ёфта­ни қотили номаълуме ба куштани гове амр мешаванд ва дар анҷоми ин амри илоҳӣ ба ҳар гуна баҳонаҷӯиҳо даст мезананд. Достони «Гов» дар Қуръон баёнгари намунае аз баҳонаҷӯиҳо ва бархӯрди манфии яҳудиён ба амрҳо ва силсилаи пайғамбарони илоҳист<ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]], Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.289-291 // А. Боқизода. </ref>.
 
== Мундариҷа ==
Сатри 73:
 
== Фазоили сураи Бақара ==
Дар фазилати ин сура омадааст, ки Пайғамбар (с) фармуд: «Қуръонро бихонед, ки он дар рӯзи қиёмат шафоаткунандаи аҳли худ бошад. Ду сураи дурахшон – «Бақара» ва «Оли Имрон»-ро бихонед, зеро рӯзи қиёмат ба сурати ду абрпора ва ё ду селаи парандагони болкушода ва сафбаста ба суроғи аҳли худ оянд ва аз онҳо ҳимоят намоянд. Сипас фармуд: «Сураи Бақараро бихонед, ки дар гирифтани он баракат ва дар тарки он ҳасрат асту ҳеч гоҳ соҳирон ба он роҳ наёбанд». Дар ҳадиси дигаре фармуда: «Сураи Бақара куф ва баландтарин қуллаи Қуръон мебошад. Ҳамроҳи ҳар ояти он ҳаштод фаришта фуруд омадааст ва «Ояталкурсӣ» аз хизонаи зери Арши Худованд берун оварда, ба ин сура васл карда шудааст...».{{аввали иқтибос}}Аз Абӯҳурайра (раз.) ривоят аст, ки [[Расули Худо (с)|Расулуллоҳ ﷺ]] фармуд: '''«Хонаҳоятонро табдил ба қабристон накунед. Ҳамоно шайтон аз хонае, ки сураи ''Бақара'' хонда мешаванд, фирор мекунад».'''{{охири иқтибос|сарчашма=Саҳеҳи Муслим}} 
 
''А. Боқизода.''
 
== Тафсир ==
{{Дар нақша}}