Сураи Бақара: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 46:
# Дар он, ҳамчунин, саргузашти Мусо (ъ) ва қавмаш дар Миср, бархӯрди мағруронаи Фиръавн бо ӯ, ҳодисаи хуруҷи Банӣ Исроил аз он ҷо, ғарқ шудани Фиръавн ва лашкараш дар баҳри Сурх, сарсониҳои яҳудиён дар биёбони Тиҳ, рӯйдодҳои эъҷозовари он ҷо, достони Толут, ба хукҳо ва бӯзинагон мубаддал гардидани гурӯҳе аз яҳу­ди­ён ва ҳаводиси дигаре, ки паҳлуҳои пурлаҷоҷати ҳаёти эшонро бозгӯ менамоянд, батафсил зикр гардидаанд.
# Саргузашти пайғамбароне, ки пеш аз Мусо (ъ) гузаш­таанд, монанди Иброҳим (ъ), Исмоил (ъ) ва Яъқуб (ъ), фидокориҳо ва корномаҳои мондагори онҳо дар роҳи Худо ва низ достони пайғамбарони дигаре, ки пас аз ӯ омадаанд, монанди Довуд (ъ), Сулаймон (ъ), Узайр (ъ) ва Исо (ъ) қисмати дигаре аз оятҳо ва достонҳои ин сураро фаро гирифтаанд.
# Дар Бақара ҳодисаи таҳвили қибла пас аз гузашти шонз­даҳ ва ё ҳабдаҳ моҳ аз қудуми пайғамбариПайғамбари акрам (с) ба Мадина ва сару садои яҳудиёну мушрикон дар ин бора низ батафсил баён гардидааст.
# Дар ояти 213-ум Қуръони карим аз ваҳдати ҷомеаи башарӣ дар ибтидои офариниши насли инсон ва ҳамин тавр, фиристода шудани силсилаи пайғомоварон пас аз афзоиш ва ташаккули он ба шакли ақвом, халқиятҳо ва нажодҳо ёдовар шуда, аз ин тариқ – исботи ягонагии асли инсоният ва ваҳдати асли рисолоти илоҳӣ – пайравони динҳо, тамаддунҳо ва ҷомеаи ҷаҳониро дар умум ба сӯи ҳамгароӣ ва ваҳдат дар атрофи арзишҳои волои инсонӣ ва муштаракоти динӣ фаро мехонад.
 
Сатри 60:
# Дар Бақара панҷ асл аз усул ва ё аркони шашгонаи имон – имон ба Худо, имон ба фариштагон, имон ба китобҳои осмонӣ, имон ба пайғамбарони барҳақ ва имон ба рӯзи охират бо шеваҳои гуногуне бозгӯ ва мавриди таъкид қарор гирифтаанд.
# Дар Бақара таъйид шудааст, ки имон ба Қуръони карим, ба ҳайси охирин ва комилтарин китоби Худо, барномаи комили ҳидояти ҷомеаи башарӣ ва тарҳи шомили саодати инсон – яке аз заруриёт ва бадеҳиёти динӣ ба шумор меравад.
# Имон ба ғайб ва тасдиқи ахбору гузоришҳо дар бораи ҳақоиқи ғайбӣ, монанди биҳишту дӯзах, ҳаёти барзах, ҳаводиси пас аз марг, рӯйдодҳои рӯзи қиёмат ва ғ.ғайра низ дар ин сура бозтоби равшане ёфтаанд.
# Дар Бақара мусулмонон ба сабру шикебоӣ дар сахтиҳо, вафо ба аҳду паймон, сахову карам ва инфоқ дар роҳи Худо, сухани нек, амали солеҳ, афву гузашт, ҳусни муошират бо ҳамсар, ҳифзи робитаҳои неки ичтимоӣ ва таҳ­кими пайвандҳои имонӣ ва дӯстию муҳаббат бо дигар қишрҳои ҷомеа даъват шудаанд.
# Бирри (ҳусни муошират ва некӯӣ бо) волидайн, некӣ ба хешовандон, ятимон, дармондагон ва умуман, ҳамаи мардум, насиҳати фарзандон ба ҳифзи мероси фарҳангӣ ва риояи расму ойини динӣ ва диг. макорими ахлоқ мавриди ташвиқ ва таъкид қарор гирифтаанд.