=== Қонунгузории исломӣ ва барномаи ибодатҳо ===
#* Бақара бори дигар ба мавзӯи ибодатҳо, муомилот ва диг.дигар низому тартиботи ҷамъиятӣ баргашта, ҳар кадоми онҳоро ба таври алоҳида баён ва таъкид намудааст. Он қонунҳои иҷтимоӣ ва барномаҳои ибодатие, ки ба ин муносибат зикр гардидаанд, умуман, иборатанд аз: а) барпо доштани намоз, б) пардохтани закот ва масрафҳои он, в) аҳкому аркони рӯза, г) аҳкому маносики ҳаҷҷу умра, д) ҷиҳоду мубориза дар роҳи истиқрори низоми ислом, ж) қисос, васият, ҳифзи моли ятим ва диг.дигар тартиботи ҷамъиятӣ, з) хостгорӣ, издивоҷ, талоқ, разоъ, идда, ҳайз, ҳукми никоҳи мушрикон ва диг.дигар муносибатҳои хонаводагӣ.
#* Ҳамчунин, дар Бақара зиштӣ ва қабоҳати рибохорӣ баён гардида, табақаи рибохорон ба таври шадиде мавриди накӯҳиши Худованд қарор гирифта, бар зидди рибохорон муборизаи беамон эълон гардидааст. Ислом бо ин бархӯрди шадиде, ки алайҳи падидаи рибову рибохорӣ доштааст, тавонистааст, ки иқтисоди рушдёбандаеро барои мусулмонон муҳайё созад ва низоми молии худро аз ҳар гуна осебпазириҳои мақтаӣ ва суистифодаҳои туфайлӣтуфайлӣ ва муфтхӯрона ҳифз намояд.
#* Дар Бақара ба хӯрданиҳои ҳаром, аз қабили худмурда, хун, гӯшти хук, ҳайвоне, ки барои ғайри Худо забҳ гашта бошад, арақ, қимор ва ғайра ишора ва заминаи тағзияи солим, аз ҷиҳати беҳдоштӣ (экологӣ) муносиб ва покизае барои мусулмонон ба вуҷуд оварда шудааст. Худованд дар номгӯйи хӯрданиҳои таҳримшуда чизҳоеро дохил намудааст, ки ба рушди солими ҷисмонӣ ва ҷавҳари ботинии инсон комилан зарар доранд. Дар ояти 157-уми сураи Аъроф ба ин воқеият ишора мефармояд: «Ва барои онҳо покиҳоро ҳалол ва барои онҳо палидиҳо(хабоис)-ро ҳаром мегардонад». <center>{{Қуръони Карим|2|157}}</center> Дар Бақара ҳамчунин, ба дигар падидаҳои манфии ахлоқӣ ва рафторҳои хилофи арзишҳои инсонӣ, монанди китмони ҳақ, фасодкорӣ, қатъи пайвандҳои хешутаборӣ, ришвахорӣ ва ғайра ишора шуда, зиёнҳо ва фалсафаи таҳрими онҳо муфассал баён гардидааст.
#* Сипас Худованд дар дарозтарин ояти Қуръон – ояти 282-уми Бақара барои ба танзим даровардани муомилоти молӣ ва дигар додугирифтҳои муҳлатдор беҳтарин роҳнамоиҳои санадгузориро ба мусулмонон тавсия намудааст.
<center>{{Қуръони Карим|2|282}}</center>
#* Дар қисмати дигари сура Худованд инсонро ба ёди он рӯзе меоварад, ки дар он ҳама ба подош ва натиҷаи аъмоли худ мерасанд.
#* Дар хотимаи сура Худованд, дар баробари масъулиятҳои сахт ва душманиҳои мухолифони даъват, роҳи пойдорӣ ва тариқаи муқовимат, ҳамчунин, тамоми орзуҳои нек ва саодату некбахтиро дар зимни дуои «Раббано ло туохизно ин насийно ав ахтаъно…» ба муъминон меомӯзад. Ба ин тартиб, Бақара бо зикри сифатҳои муъминон шурӯъ гардида, бо дуои онҳо, бо ҳамин матлаъ ва хитоми он бо ёди муъминон анҷом меёбад.
=== Арзишҳои эътиқодӣ ва ахлоқи исломӣ ===
|