Сураи Бақара: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 52:
* Бақара бори дигар ба мавзӯи ибодатҳо, муомилот ва дигар низому тартиботи ҷамъиятӣ баргашта, ҳар кадоми он­ҳоро ба таври алоҳида баён ва таъкид намудааст. Он қо­нунҳои иҷтимоӣ ва барномаҳои ибодатие, ки ба ин муносибат зикр гардидаанд, умуман, иборатанд аз:
а) барпо доштани намоз,
 
б) пардохтани закот ва масрафҳои он,
 
в) аҳ­ко­му аркони рӯза,
 
г) аҳкому маносики ҳаҷҷу умра,
 
д) ҷи­ҳоду мубориза дар роҳи истиқрори низоми ислом,
 
ж) қисос, васият, ҳифзи моли ятим ва дигар тартиботи ҷамъи­­ятӣ,
 
з) хостгорӣ, издивоҷ, талоқ, разоъ, идда, ҳайз, ҳукми никоҳи мушрикон ва дигар муносибатҳои хонаво­дагӣ.
* Ҳамчунин, дар Бақара зиштӣ ва қабоҳати рибохорӣ баён гардида, табақаи рибохорон ба таври шадиде мавриди накӯҳиши Худованд қарор гирифта, бар зидди рибохорон муборизаи беамон эълон гардидааст. Ислом бо ин бархӯрди шадиде, ки алайҳи падидаи рибову рибохорӣ доштааст, тавонистааст, ки иқтисоди рушдёбандаеро барои мусулмонон муҳайё созад ва низоми молии худро аз ҳар гуна осебпазириҳои мақтаӣ ва суистифодаҳои туфайлӣ ва муфтхӯрона ҳифз намояд.