Сураи Бақара: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 51:
=== Қонунгузории исломӣ ва барномаи ибодатҳо ===
* Бақара бори дигар ба мавзӯи ибодатҳо, муомилот ва дигар низому тартиботи ҷамъиятӣ баргашта, ҳар кадоми он­ҳоро ба таври алоҳида баён ва таъкид намудааст. Он қо­нунҳои иҷтимоӣ ва барномаҳои ибодатие, ки ба ин муносибат зикр гардидаанд, умуман, иборатанд аз:
: а) барпо доштани намоз,
 
: б) пардохтани закот ва масрафҳои он,
 
: в) аҳ­ко­му аркони рӯза,
 
: г) аҳкому маносики ҳаҷҷу умра,
 
: д) ҷи­ҳоду мубориза дар роҳи истиқрори низоми ислом,
 
: ж) қисос, васият, ҳифзи моли ятим ва дигар тартиботи ҷамъи­­ятӣ,
 
: з) хостгорӣ, издивоҷ, талоқ, разоъ, идда, ҳайз, ҳукми никоҳи мушрикон ва дигар муносибатҳои хонаво­дагӣ.
* Ҳамчунин, дар Бақара зиштӣ ва қабоҳати рибохорӣ баён гардида, табақаи рибохорон ба таври шадиде мавриди накӯҳиши Худованд қарор гирифта, бар зидди рибохорон муборизаи беамон эълон гардидааст. Ислом бо ин бархӯрди шадиде, ки алайҳи падидаи рибову рибохорӣ доштааст, тавонистааст, ки иқтисоди рушдёбандаеро барои мусулмонон муҳайё созад ва низоми молии худро аз ҳар гуна осебпазириҳои мақтаӣ ва суистифодаҳои туфайлӣ ва муфтхӯрона ҳифз намояд.
* Дар Бақара ба хӯрданиҳои ҳаром, аз қабили худмурда, хун, гӯшти хук, ҳайвоне, ки барои ғайри Худо забҳ гашта бошад, арақ, қимор ва ғайра ишора ва заминаи тағзияи солим, аз ҷиҳати беҳдоштӣ (экологӣ) муносиб ва покизае барои мусулмонон ба вуҷуд оварда шудааст. Худованд дар ном­гӯйи хӯрданиҳои таҳримшуда чизҳоеро дохил намудааст, ки ба рушди солими ҷисмонӣ ва ҷавҳари ботинии инсон комилан зарар доранд. Дар ояти 157-уми сураи Аъроф ба ин воқеият ишора мефармояд: «Ва барои онҳо покиҳоро ҳалол ва барои онҳо палидиҳо(хабоис)-ро ҳаром мегардонад».
<center>{{Қуръони Карим|2|157}}</center>
: Дар Бақара ҳамчунин, ба дигар падидаҳои манфии ахлоқӣ ва рафторҳои хилофи арзишҳои инсонӣ, монанди китмони ҳақ, фасодкорӣ, қатъи пайвандҳои хешутаборӣ, ришвахорӣ ва ғайра ишора шуда, зиёнҳо ва фалсафаи таҳрими онҳо муфассал баён гардидааст.
* Сипас Худованд дар дарозтарин ояти Қуръон – ояти 282-уми Бақара барои ба танзим даровардани муомилоти молӣ ва дигар додугирифтҳои муҳлатдор беҳтарин роҳнамоиҳои санадгузориро ба мусулмонон тавсия намудааст.
<center>{{Қуръони Карим|2|282}}</center>