Бақеъ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 4:
 
== Таърих ==
[[Акс:Baqi4.jpg|thumb|300px|right|[[Қабристон|гӯристони]] Бақеъ то соли 1925]]
Расули акрам (с) пас аз ҳиҷрат ба Мадина қитъаи заминеро дар канори масҷиди худ барои дафни мусулмонон интихоб кард ва чун дар он гиёҳи хоре бо номи ғарқад мерӯид, ба гӯристони Бақеи ғарқад низ маъруф гардид. Яке аз дарвозаҳои масҷиди набавӣ бо номи Бобулбақеъ ба тарафи ин гӯристон боз мешавад. Мусулмонон пеш аз ҳиҷрат ҳамроҳи мушрикон дар гӯристонҳои умумӣ дафн мешуданд ва нахустин касе аз муҳоҷирон, ки дар гӯристони Бақеъ ба хок супорида шуд, Усмон ибни Мазъун – саҳоба ва бародари разоии Расули Худо (с) буд, ки соли дуюми ҳиҷрӣ пас аз ҷанги Бадр вафот кардааст ва нахустин нафар аз ансор Асъад ибни Зурора – аз асҳоби байъати Ақаба аст, ки ӯ низ соли дуюми ҳиҷрӣ пеш аз ҷанги Бадр вафот кардааст. Пайғамбар (с) пас аз дафни Усмон ибни Мазъун сангеро бар сари қабри вай гузошт ва фармуд: «Ин қабри пешрафтаи мост!»
 
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Бақеъ"