Фоҷиа: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
иловаи акс
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 2:
'''Фоҷиа''' (аз арабӣ - бадбахтӣ, мусибат), трагедия, яке аз [[жанр]]ҳои драма мебошад, ки бар кофликт ва ё низоъи тезу тунд асос ёфтааст ва қаҳрамонҳои асосии он дар охир ба ҳалокат мерасанд. Дар фоҷиа масъалаҳои дорои хусусияти иҷтимоӣ, таърихӣ ва фалсафӣ, задухӯрдҳои азими зиндагӣ, муборизаи навию кӯҳнагӣ, мавзӯъҳои умумибашарӣ ифода меёбанд. Фоҷиа дар [[Юнони Қадим]] тақрибан асри 5 то мелод пайдо шудааст. Нахустин фоҷианависон Эсхил (ки ӯро Карл Маркс падари фоҷиа номидааст) Софокл ва дигарон буданд.
 
== Давраи ЭхёЭҳё ==
Дар фоҷиаҳои давраи Эҳё (асарҳои [[Вилям Шекспир]], Лопе де Вега ва дигарон) муборизаҳои муносибатҳои нави иҷтимоӣ ва феодализм инъикон ёфтаанд. Фоҷиаҳои Ф. Корнел, Ж. Расин ва дигарон таҳти таъсири классисизм эҷод шудаанд. Дар садаи 18 фоҷиаҳои Лессинг, Шиллер, Уолтер ва Гёте дар таъсири ғояҳои буржуазияи навтавлид, ҷараёни маорифпарварт ба миён омаданд. Фоҷиаҳои романтики Ҷ. Байрон ва [[Виктор Ҳюго]] ва дигарон зодаи давраи капитализм мебошанд. Дар драматургияи рус намунаи барҷастаи фоҷиа ба қалами [[Пушкин]] (Борис Годунов, Фоҷиаҳои хурд) таалуқ дорад. М. Ю. Лермонтов Маскарад, Островский Раъду барқ, Л. Н. Толстой Оламаи зулмот, Горкий Душманон, Васса Железнова) дар инкишофи ин жанр саҳми арзанда доранд.
 
== Адабиёти шӯравӣ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Фоҷиа"