Балх: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 23:
Забони мардуми Балх забоне аз гурӯҳи забонҳои эронии қадим буд, ки баъдан бо номи забони дарӣ машҳур шуд. Дар сиккаҳои мансуб ба аҳди қадими аз минтақаи Балх пайдошуда матнҳое ба забонҳои юнонӣ, паҳлавӣ ва браҳманӣ низ сабт гардидаанд.
 
=== Балх дар замони ҳуҷуми арабҳо ===
Аввалин ҳуҷуми арабҳо ба Балх баъди пирӯзии онҳо дар Наҳованд (с.соли 643), дар охирҳои хилофати Умар, сурат гирифт. Вале дар ҳуҷуми аввал арабҳо ба муваффақият ноил нашуда, танҳо пас аз 10 сол, дар аҳди хилофати Усмон, ҳуҷумҳои густардае ба Хуросон карданд. Аҳнаф ибни Қайс баъди тасарруфи Марв ҷониби Балх шитофта, онро муҳосира кард. Мардуми Балх бо пардохти 400 ҳазор дирҳам бо аъроб сулҳ бастанд. Дар замони хилофати Алӣ ибни Абитолиб ва Муовия чандин бор фармонравоёни маҳаллии Хуросон ба ошӯби муқобили арабҳо даст заданд, вале ҳар дафъа шӯриш саркӯб мешуд. Бо вуҷуди ин, нооромиҳои Хуросон поён намеёфтанду аъроб маҷбур мешуданд, ки дар ин сарзамин барои пахши шӯриш­ҳо ва таъмини амнияти Балх ва Тахористон то 50 ҳазор нафар ҷангии худро нигоҳ доранд. Якчанд шӯриш бо фитна анҷомиданд ва мувофиқи маълумоти Табарӣ, ҳангоме ки Ибни Қутайба вориди Балх шуд, мардум ба пешвозаш баромаданд. Баъди фаро расидани оромиши нисбӣ барои бозсозии харобиҳои Балх шахсеро аз хонадони Бармакиён масъули ободонии он таъйин карданд. Солҳои 734–746 дар Хуросон мурҷия ғалаба карда, роҳбари мурҷиён Ҳорис ибни Сурайҷ яке аз наздикони худ – Абдуллоҳ ибни Ҳозимро волии Балх таъйин намуд. Ӯ маркази ҳукумати Хуросонро аз Марв ба Балх кӯчонд ва ш. Балх муҷаддадан ба маркази адабию фарҳангӣ табдил ёфт. Дар ҳамин фосилаи за­монӣ робитаи иқтисодию фарҳангии шаҳри Балх бо Хатлон ва ҳаволии он барқарор шуда, ҳамчун маркази адабию фарҳангию ҳунарӣ аз шаҳрҳои марказии Куфаву Басраи араб­­ҳо монданӣ надошт. Балх ҳам маркази илму адаб, ҳам маркази ҳикмату фасоҳат буд. Мадрасаи Низомияи Балх беҳтарин маркази таълимотӣ ба шумор мерафт. Шаҳри Балх зодгоҳи бузургони илму адаб Шақиқи Балхӣ, Абулмуъмини Балхӣ, Рашиди Ватвот, Бурҳонуддини Балхӣ, Иброҳими Адҳам ва суфиёни машҳур, монанди Салмони Соваҷӣ ва Неъматуллоҳи Валӣ мебошад. Теъдоде аз донишмандон маншаи ирфони исломиро маъбади “Навбаҳор”-и Балх медонанд. Мавлоно Камолуддини Румӣ низ зодаи Балх аст, ки дар тасаввуф мақомаш аз Ибни Арабӣ камтар нест.
 
Дар аҳди ''Аббосиён'' вазъи Балх беҳтар шуд. Баъди барафтодани нуфузи хонадони Бармакиён Ҳорунаррашид Исо ибни Моконро волии Балх таъйин кард. Азбаски номбурда зулму ситамро ба аҳолӣ бештар намуд, халифа зуд ӯро сабукдӯш кард. Балх дар давраи ''Тоҳириён'' ҳамчун маркази идорӣ нуфузи худро аз даст дод. Марказ ба Нишопур интиқол ёфт.
 
== Балх дар асрҳои миёна ==
Ҷуғрофиёдонони асрҳои миёнаи Балхро ба унвони шаҳру ноҳияи ободе ёд кардаанду яке аз бахшҳои чаҳоргонаи Хуросон Уммулбилодаш номидаанд. Яъқубӣ (асри 10) Балхро бузургтарин ш. Хуросон хонда, пайваста гузориш додааст, ки шомили ду бахш – шаҳристон ва рабаз мебошад, ки дар гирди ҳар як деворе кашида шуда буд. Фосилаи байни қалъаи шаҳристону ра­баз як фарсах будааст. Ҳисори Шаҳристон 4 дарвозаву ҳисори рабаз 12 дарвоза ва 12 фарсах тӯл доштааст. Берун аз девори рабаз рустову мазраае вуҷуд надошта ва регистони хушке шаҳрро иҳота мекардааст. Ҷуғрофиёдонони асрҳои миёна Истах­рӣ ва Ибни Ҳавқал овардаанд, ки Балх дар аҳди ислом дорои 7 дарвоза (Навбаҳор, Раҳба (Майдон), Ҳадид, Ҳиндувон, Яҳуд, Шастбанд ва Яҳё) будааст. Дар Доиратулмаорифи “Ираника” зикр шудааст, ки вуҷуди дарвозаи Ҳиндувон дар ин шаҳр аз мавҷудияти ҳиндувон башорат дода, номи дарвозаи Яҳуд нишондиҳандаи вуҷу­ди ҷамо­ати яҳудӣ дар Балх мебошад. Бозори Балх пеш аз ҳуҷуми муғулҳо маркази муҳимми тиҷорату савдо будааст. Аз ин шаҳри транзитӣ корвонҳои Роҳи Абрешим мегузаштанду ба ин шаҳр аз Ҳинд гиёҳҳои доруӣ, атриёт, шакар ва навъҳои гуногуни матоъҳои гаронбаҳоро меоварданд. Тоҷирони туркистонӣ матоъҳои абрешимӣ, сангҳо ва филиззоти гаронбаҳоро дар Балх ба фурӯш мегузоштанд.
 
Line 39 ⟶ 41:
Таърихи баъдинаи Балх пур аз моҷаро мебошад. Аввал шоҳ Исмоили 1 Муҳаммадхонро шикаст дода, Балхро ба тасарруфи худ даровард. Баъд онро Абдуллоҳхони ӯзбак забт кард. Сипас, Аштархониён муддате дар Балх ҳукмронӣ намуданд. Мегӯянд, ки маъруфтарин фармонравои аштархонӣ 31 сол дар Балх фармонравоӣ дошта, соли 1702 вафот кардааст. Мутаассифона, дар бораи авзои замони ӯ маъ­лумоти кофие боқӣ намондааст. Овардаанд, ки ду бор ин шаҳр бо номҳои “Айёрон” ва “Осиёи бодӣ” барпо будааст, ки охириро мардум хароб сохта, аз 40 масҷиди шаҳр низ дар ҳамин фосилаи замонӣ 12 масҷид вайрон карда шудаанд. Сипас Балхро Нодиршоҳи Афшор забт намуда ва дар асри 19 ба тасарруфи хонҳои Бухоро даромад. Дар ин давра Балх дигарбора ба сифати модаршаҳри ислом (Уммулбилод) маъруф шуд.
 
== Балхи кунунӣ ==
Соли 1845 дар Балх бемории вабо пайдо шуда, нобасо­мо­­нии зиёдеро ба миён овард. Пойтахт аз Балх ба Мазори Шариф кӯчонида шуд. Ин дигаргунӣ дар давраи фармонравоии Амир Шералихон бар Афғонистон ба воситаи ноиби Алихон (дар соли 1866) ба вуқӯъ пайваст. Пас аз он Балх ба рустои беаҳаммияте табдил ёфт. Тақрибан соли 1934 корҳои марбут ба бозсозию навсозии Балх оғоз ёфта, дар ҷараёни он боғҳои бузурге бар гирди Мазори Хоҷа Абунасри Пор­со (Масҷиди Сабз) дар маркази шаҳр ба вуҷуд омаданд. Ба он боғҳо 8 хиёбон васл мешуданд, ки маҳалҳои гуногуни шаҳрро ба ҳам мепайвастанд. Муво­фиқи барномаи навсозӣ ҳамаи кӯю бозорҳои Балх аз нав сохта шуданд. Бо вуҷуди ин, ба сабаби бештар ободсозии Мазори Шариф, дар Балх ба ҷойи 1270 хонавор танҳо 430 хонаи истиқоматӣ сохта шуд.
 
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Балх"