Атобак: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''АТОБÁК''', атобакон — унвон ва ё лақабе, ки подшоҳони салҷуқӣ ба баъзе амирони боэътимод ё ғул...
 
No edit summary
Сатри 1:
'''АТОБÁКА'''тобáк'''''', атобакон — унвон ва ё лақабе, ки подшоҳони салҷуқӣ ба баъзе амирони боэътимод ё ғуломони воломансабтарбиятгарони шоҳзодагони худ дода буданд. Ваҷҳи тасмияи атобак аз вожаи туркии ато (ё ота) – падар ва бак (бек) – амир аст. Бад-ин минвол муҳаққиқин атобакро ба маънои маҷозии «падарбузург» ё «падархонд» шарҳ додаанд. Интихоби мураббӣ барои фарзандон дар байни туркони салҷуқӣ ва ғузҳо аз қадим расм будааст. Урфу одати атобакӣ бо додани иқтоъ ба соҳиби ин мансаб ҳамроҳ будааст ва бад-ин сабаб онҳо имкон пайдо карданд вазифаи худро хуб анҷом диҳанд. Бо оғози таназзули давлатдории [[Салҷуқиён]] атобакони салҷуқӣ, ки ба мақоми аморат расида буданд, ҳар яке дар ҳавзаи худ мустақил ё ниммустақил гардида буданд ва минбаъд мансаби худро меросӣ карданд. Ба ҳамин минвол атобакони Шом, атобакони Мавсил, атобакони Озарбойҷон, атобакони Форс ва атобакони Язд ба вуҷуд омаданд. Чунонки Туғтегин-атобак писари Тоҷуддавла дар соли 1104 силсилаи Атобакони Димишқ (1104–1154) ва Имомуддини Зангӣ аз ғуломзодагони Маликшоҳ – Атобакони Мавсил (1127–1250) ва Элдигиз-атобак Арслоншоҳ – Атобакони Озарбойҷонро (1148–1276) таъсис доданд. Ануштегин – падари Қутбуддин Муҳаммади Хоразмшоҳ ва Сулғур ҷадди [[Атобакони Форс]] (1148–1276) ҳам аз ҷумлаи ғуломон ё руасои лашкари салҷуқӣ буданд. Расми атобакӣ дар байни [[Хоразмшоҳиён]] ва салҷуқи­ёни Рум низ маъмул буд.
<ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]], Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.70</ref>
 
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Атобак"