Барбадос: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 65:
== Санъат ==
Ҳарчанд санъати тасвирии Барбадос аз асри 19 маншаъ мегирад, санъати назарраси муосир, солҳои 50 асри 20 ташаккул ёфтааст: дар манзаранигорӣ Г. Спилер ва В. Коллектор; дар тасвири баҳр ва соҳилҳои он Г. Паркинсон ва К. Блэкет; дар муҷассамасозӣ К. Блэкман (дар чӯб) зуҳур кардаанд. Аз с. 2000 маҷ. «Art Barbados» нашр мешавад, ки дастовардҳои санъати тасвирии Барбадосро инъикос мекунад. Дар санъати меъмории асрҳои 17–19 бештар анъанаҳои биносозии англис ҳукмрон буд. Аз се ду иншооти бинои таърихии мавҷуд дар Нимкураи ғарбӣ, ки бо услуби меъмории ба ном «якобӣ» (дар Англияи асри 17 шакл гирифта буд) бино ёфтаанд, маҳз дар Барбадос пойбарҷо мондаанд (бинои аббатигарии Николайи Муқаддас ва қаср-работи Дрок-Ҳолл). Ибтидои асри 20 санъати меъмории Барбадос таҳти таъсири услубҳои испанӣ, фаронсавӣ ва ҳиндӣ монда, биноҳо назарработар гардиданд. Дар мусиқӣ таъсири усулу услубҳои африқоӣ эҳсос мешавад. Жанрҳои ҷаз, калипсо, навохтани таблакҳои пӯлодин маъмуланд. Ҳар сол дар мавзеи Ҳолитаун фестивал барпо гардида, бо иштироки ҳунарпешагони барбадосӣ ва хориҷӣ консертҳои мусиқии маҳаллӣ, халқҳои Амрикои Лотинӣ ва классикӣ ташкил мешаванд, намоишномаҳои операвӣ ва драмавӣ рӯйи саҳна меоянд. Инчунин ҳар сол дар Барбадос фестивали филмҳои синамогарони Африқо ва халқҳои маскуни Баҳри Кариб баргузор мешавад.
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
== Адабиёт ==
Line 71 ⟶ 74:
* Новая российская энциклопедия. Т. II. М., 2005;
* Страны мира. Современный справочник. М., 2008.
 
== Сарчашма ==
{{ЭМТ}}
 
[[Гурӯҳ:Давлатҳо аз рӯи алифбо]]