Барбадос: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 48:
9–10 ҳиссаи аҳолии Барбадос авлоди ғуломони африкоинажоданд; 16 дарсад метисҳо (дурагаҳо), 4 дарсад сафедпӯстон, боқимонда мулатҳо ва осиёиҳо. 67 дарсади аҳолӣ муътақидони протестантизм, 4% – католикҳо, ба миқдори кам намояндагони динҳои ислом, яҳудӣ, ҳинду мебошанд. Забони расмӣ – англисӣ, лаҳҷаи маҳаллии бэйҷен низ роиҷ аст. Дарозии миёнаи умр – 73,5 сол.
 
== Таърих ==
'''Таърих'''. Аз асри 5 сар карда дар ҷазира қабилаҳои ҳиндуёни Амрико – аравакҳо ва карибҳо маскун шуданд. Ҷаз. Барбадосро соли 1518 испаниҳо кашф карда, ба вай ин номро гузоштанд ва онро мустамликаи хеш эълон карданд. Испаниҳо қисми зиёди аҳолии Барбадосро ба ҷаз. Эспанйола барои кор фармудан дар конҳо мебурданд. Соли 1605 ба ҷазира англисҳо омада, парвариши найшакарро ба роҳ монданд. Соли 1637 Барбадос ба мустамликаи Англия табдил дода шуд. Барои парвариши найшакар аз Африқо бештару бештар ғулом меоварданд. Соли 1838, баъди бекор карда шудани ғуломдорӣ, Барбадос ба худидории дохилӣ ноил гашт. Бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ (1930) аҳволи Барбадосро, ки асосан бо парвариши найшакар ва истеҳсоли шакар машғул буд, хеле бад кард. Баъди рух додани шӯришу балвоҳо, комиссияи шоҳигарии Британия ба ҳукумати метрополия тавсия дод, ки баъзе табаддулот гузаронад (легализатсияи иттифоқҳои касаба, иҷозати озодона фаъолият кардани ҳизбҳо). Соли 1938 Ҳизби лейбористии Барбадос, соли 1955 Ҳизби демократии лейбористӣ таъсис ёфта, соли 1951 ҳуқуқи интихоботи умумихалқӣ эълон шуд. Солҳои 1958–64 Барбадос дар ҳайати Федератсияи Вест-Индия буда, 30 ноябри 1966 давлати мустақил дар ҳайати Иттиҳоди Британия гардид.
 
== Иқтисод ==