Барбадос: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 51:
== Таърих ==
Аз асри 5 сар карда дар ҷазира қабилаҳои ҳиндуёни Амрико – аравакҳо ва карибҳо маскун шуданд. Ҷаз. Барбадосро соли 1518 испаниҳо кашф карда, ба вай ин номро гузоштанд ва онро мустамликаи хеш эълон карданд. Испаниҳо қисми зиёди аҳолии Барбадосро ба ҷаз. Эспанйола барои кор фармудан дар конҳо мебурданд. Соли 1605 ба ҷазира англисҳо омада, парвариши найшакарро ба роҳ монданд. Соли 1637 Барбадос ба мустамликаи Англия табдил дода шуд. Барои парвариши найшакар аз Африқо бештару бештар ғулом меоварданд. Соли 1838, баъди бекор карда шудани ғуломдорӣ, Барбадос ба худидории дохилӣ ноил гашт. Бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ (1930) аҳволи Барбадосро, ки асосан бо парвариши найшакар ва истеҳсоли шакар машғул буд, хеле бад кард. Баъди рух додани шӯришу балвоҳо, комиссияи шоҳигарии Британия ба ҳукумати метрополия тавсия дод, ки баъзе табаддулот гузаронад (легализатсияи иттифоқҳои касаба, иҷозати озодона фаъолият кардани ҳизбҳо). Соли 1938 Ҳизби лейбористии Барбадос, соли 1955 Ҳизби демократии лейбористӣ таъсис ёфта, соли 1951 ҳуқуқи интихоботи умумихалқӣ эълон шуд. Солҳои 1958–64 Барбадос дар ҳайати Федератсияи Вест-Индия буда, 30 ноябри 1966 давлати мустақил дар ҳайати Иттиҳоди Британия гардид.
[[Акс:Barbados View.JPG|thumb|left|300px|Вид на Барбадос с холма в центральной части острова]]
 
== Иқтисод ==
Асоси иқтисодиёти Барбадосро содироти шакар (300 сол ин ҷониб) ва сайёҳӣ ташкил медиҳад. Ба шарофати ривоҷ ёфтани соҳаи сайёҳӣ Барбадос дар байни давлатҳои ҳавзаи Баҳри Кариб сатҳи зиндагии аз ҳама баланд дорад. Дар Барбадос ММД (ППС) дар соли 2010-ум 6,175 млрд ва даромад ба ҳар сар аҳолӣ 22,296 доллари амрикоиро ташкил дод. Аз панҷ чаҳор ҳиссаи аҳолӣ дар хонаҳои хусусӣ зиндагӣ мекунанд. Саноати сабук ва хӯрокворӣ (истеҳсоли консерва, ром, маҳсулоти тамоку), коркарди найшакар ва нафт, васлкории таҷҳизоти электронӣ, инчунин истеҳсоли барқ (бо истифода аз нерӯи Офтоб ва маводди сӯхт, – асосан пояи найшакар), моҳидорӣ тараққӣ кардааст. Барои рушди соҳаи саноат 10 парки индустриалӣ таъсис додааст, ки дар онҳо иҷорапулии корхонаҳои истеҳсолиро давлат пардохт мекунад. Барои истифодаи дохилӣ сабзавот (помидор, батат, ямс, маниок, сабзӣ, карам, бодиринг, каду ва ғ.) кишт карда, мева (манго, грейпфрут, авокадо, гелос, гуайя – қисман содир мешавад) мепарваранд. Барбадос шакар, ром, дигар маводди саноати хӯрокворӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, гул, шарбат; инчунин пахта, маводди кимиёӣ, ҷузвҳои электронӣ содир ва автомобил, маводди сохтмон, маводди ғизоӣ ва ғ. ворид мекунад. Тиҷорати офшорӣ тараққӣ кардааст. Дар Барбадос наздики 8 ҳазор ширкати офшорӣ (аз ҷумла қариб 500-тоашон бо суғурта машғуланд) ба қайд гирифта шуда, зиёда аз 60 бонки офшорӣ бо даҳҳо млрд доллари амрикоӣ амалиёт мебаранд. Аз соли 1987 Биржаи хазинавӣ фаъолият дорад, ки дар он саҳмияҳои наздики 30 ширкати дохиливу хориҷӣ ва облигатсияҳои ҳукуматӣ гардиш мекунанд.