Батареяҳои офтобӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 1:
БАТАРЀЯҲОИ'''Батареяҳои ОФТОБӢ,офтобӣ''' — истилоҳи маъмули табдилдиҳандаҳои фотоэлектрикии баҳампайваста (фотоэлементҳо) – таҷҳизоти нимноқилие, ки энергияи Офтобро ба ҷараёни электрикии доимӣ табдил медиҳад. Бар хилофи коллекторҳои офтобӣ, ки ҳарор. мавод – ҳомили гармиро баланд мекунанд, Батареяҳои офтобӣ бевосита энергияи электрикӣ ҳосил менамоянд.
 
Истеҳсоли унсурҳои фотоэлектрикӣ ва коллекторҳои офтобӣ бо суръати баланд дар самтҳои мухталиф тараққӣ меёбад. Батареяҳои офтобӣ бо андозаҳои гуногун истеҳсол карда мешаванд: хурд (барои микрокалкуляторҳо) ва калон (барои боми хона ва автомобил). Батареяҳои офтобӣ ва коллекторҳои офтобӣ дар минтақаҳои рӯзҳои офтобиашон зиёд, бахусус дар мамлакатҳои назди Баҳри Миёназамин, ки дар болои бом насб карда мешаванд, хеле маъмул гаштаанд. Масалан, дар Испания аксар хонаҳои нав бо обгармкунакҳои офтобӣ муҷаҳҳаз карда мешаванд, ки аз 30 то 70% талаботи аҳолиро ба оби гарм таъмин мекунанд. Хонаҳои ғайриистиқоматӣ (марказҳои савдо, беморхонаҳо), бо таҷҳизоти фотоэлектрикӣ муҷаҳҳаз мегарданд. Батареяҳои офтобӣ яке аз усулҳои асосии ба даст овардани энергияи электрикӣ дар аппаратҳои париши кайҳонӣ мебошанд: онҳо муддати тӯлонӣ бе сарфи маводде кор карда, дар айни замон бар хилофи манбаъҳои ядроӣ ва радиоизотопӣ аз ҷиҳати экологӣ бехавф мебошанд. Аммо ҳангоми парвозҳои тӯлонӣ (берун аз мадори Миррих) истифодаи Батареяҳои офтобӣ мушкил мегардад, зеро сели энергияи офтобӣ ба квадрати масофа то Офтоб чаппа мутаносиб аст. Баръакс, ҳангоми парвоз кардан ба сӯйи Зуҳра ва Уторид иқтидори Батареяҳои офтобӣ хеле баланд (дар наздикии Зуҳра 2 маротиба ва дар қарибии Уторид 6 маротиба зиёд) мешавад. Истеҳсоли электро¬мо¬билҳо – автомо¬билҳое, ки энергияи Офтобро истифода мекунанд, сол аз сол афзоиш меёбад.
Сатри 8:
 
== Манбаъ ==
{{ЭМТ}}
[[Гурӯҳ:Электрика]]
 
[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2]]
[[Гурӯҳ:ЭнсиклопедияиЭнергияи Миллии Тоҷикофтобӣ]]