Барон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 3:
 
== Таърихи рутба ==
Аз асри 13 ин рутба ба гурӯҳи имтиёзноки сиёсӣ итлоқ шуд ва аъзои доимии (ирсии) палатаи лордҳо дар парламентро барон меномидагӣ шуданд. Ин рутбаро ҳамчунин ба писарони бузурги графҳо, маркизҳо ва герсогҳо медоданд. Дар силсилаи маротиби рутбаҳои дворянҳо барон ҷойи охиринро ишғол мекунад, дар Олмон ва Фаронса аз граф поинтар, дар Англия поинтар аз биконт. Аз соли 1611 дар Англия унвони меросии боронет ҷорӣ карда шуд, ки аз лиҳози мавқеъ байни ашроф ва дворянҳо қарор доштанд.

=== Рутба дар Русия ===
Дар Россия рутбаи баронро Пётри 1 соли 1710 ҷорӣ кард. Ин рутбаро танҳо император бекор карда метавонист. Ин рутба ба дворянҳои губернияҳои назди Балтика, ки то ба Россия ҳамроҳ шуданашон шомил буданд, ҳамчунин авлоди баронҳои хориҷӣ, ки намояндагони онҳо табаияти шӯравиро қабул карда буданд, дода шуд. Авлоди баронҳо дар қисми панҷуми китоби "Насабнома" сабт гардидаанд.
 
== Эзоҳ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Барон"