Беларус: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 48:
==Табиат ва олами ҳайвонот==
[[File:Zubr 003.jpg|alt=Зубри аврупойӣ|left|frameless|199x199px]]
Аз 5 ҳисса 2 ҳиссаи ҳудуди Белоруссия бешазор буда, бештарашро [[дарахтони сӯзанбарг]] ташкил медиҳанд (бешазорҳои Налибок, Беловеж). Гиёҳҳои доруӣ зиёд мерӯянд (валериана, зарпоша, [[карвиё]]), 20 дарсади ҳудуди мамлакат ботлоқзор аст. Дар Белоруссия беш аз 50 намуд ҳайвоноти ширхор ва наздики 200 намуд паранда ҳаст. Гавазн, оҳу, хук, рӯбоҳ, гург, хирси малла бештар вомехӯранд. Дар Мамнӯъгоҳи Беловеж зубр ва дар ботлоқзорҳо намуди нодири сангпушти ботлоқӣ боқӣ мондааст. 4,2 дарсади сарзамини Белоруссия минтақаҳои ҳифзшавандаанд. Дар Полесйе Мамнӯъгоҳи радиатсионию экологӣ – барои омӯзиши ҳолати маҷмӯаҳои табиӣ (баъди садамаи [[Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил]]) ва дар Березин Мамнӯъгоҳи биосферӣ ташкил шудаанд. Чаҳор боғи миллӣ дорад: Беловежская Пуша, Кӯлҳои Браслав, Припятский, Нарочанский. Вазъи экологии Белоруссия мураккаб аст. Баъди фоҷиаи [[Чернобил]]и Украина (1986) 22 дарсади ҳудуди маскуни мамлакат, 26 дарсади бешазорҳо ва 20 дарсади хоҷагиҳои кишоварзӣ гирифтори ифлосшавии радиоактивӣ шуда, 2,64 ҳазор га заминҳои ҳосилхез аз эътибор соқит дониста шуданд.
==Аҳолӣ==
Аҳолии мамлакатро [[белорусҳо]] 81,2%, [[русҳо]] 11,4%, полшагиҳо 3,9%, украиниҳо 2,4%, яҳудиҳо 0,3% ва ғайра ташкил медиҳанд. 80 дарсади аҳолӣ муътақидони равияи православии дини масеҳӣ ва такрибан 15% католикҳо мебошанд. Таносуби фавт нисбат ба таваллуд афзунтар буда, бемориҳои силсилаи гардиши хун ва саратон бештар ба назар мерасанд, ки ин ҳам оқибати ҳодисаи Чернобил мебошад. Баъди пошхӯрии [[Иттиҳоди Шӯравӣ]] муҳоҷират ба [[ИДМ]] ва давлатҳои хориҷии дур – Исроил, ИМА, Канада, Олмон, Полша, Австралия зиёд шуд. Танҳо баъд аз фоҷиаи Чернобил аз Белоруссия беш аз 130 ҳазор нафар ҳиҷрат намудаанд. Дар ҳавзаи дарёи [[Днепр]] аҳолӣ зичтар ҷойгир шуда, қисми шимолии мамлакат ва ҳамвориҳои Полесйе камаҳолитаранд. 71,5 дарсади сокинон шаҳрнишин буда, нуфуси камтарини маҳаллаҳои аҳоли­нишини деҳот то 125 нафар мерасад.