Рақобат: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Рақобат
 
No edit summary
Сатри 1:
'''Рақиб''' - тарафи шартнома дар муносибатҳои гражданӣ.
 
'''Рақобат''' - мусобиқаи озоди субъектҳои хоҷагидор, ки амалиёти мустақилонаи онҳо имконияти таъсиррасонии яктарафаи ҳар кадоми онҳоро ба шароити умумии муомилоти [[мол]] дар [[бозор]]и моли дахлдор ба таври самарабахш маҳдуд менамояд (б.1 зербанди 5 моддаи 3 [[Қонун]]и [[Ҷумҳурии Тоҷикистон]] «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» аз 29 ноябри соли 2000). Дар бозор ду намуди рақобат амал менамояд: нархӣ ва ғайринархӣ. Ба воситаи рақобати нархӣ фурӯшандаҳои молҳо ва хизмат ба истеъмолкунандагон бо роҳи пасту баланд намудани [[Нархи асосӣ|нарх]] таъсир мерасонанд. Рақобати ғайринархӣ ҳамчун омили талаботи истеъмолӣ ба молҳо ё хизмат боиси паст гардидани нарх мешавад ва қувваро барои кашонидан, бастан, бурдани мол, хизматрасонӣ ва ғайра равона менамояд. Рақобат мубориза барои сазовор шудан ба натиҷаҳои беҳтарин аст; мубориза байни молҳо барои шароити беҳтаринро сазовор шудан дар соҳаи хариду фурӯши мол, барои гирифтани фоидаи аз ҳама зиёд. <ref> Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 393 </ref>