Бозӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
{{otheruses|Бозӣ (мазмунҳо)}}
'''Бозӣ''' — яке аз намудҳои асосии фаъолияти ҷисмию зеҳнӣ, ки дар инкишофи ҳамаҷонибаи фардии бачаҳо муҳим аст. Дар бозӣ талаби ба олами атроф таъсир расондани кӯдак зоҳир гардида, сифатҳои фикрӣ, ахлоқӣ ва иродавиаш ташаккул меёбанд. бозӣ дар кӯдак ҳамчун шакли баамалбарории фаъолият хидмат менамояд. Амалҳои бозӣ дар кӯдакон дар натиҷаи тақлиди онҳо ба рафторҳои калонсолон ҳангоми муошират ташаккул меёбанд. бозӣ-ҳо бештар хусусияти коллективӣ доранд. Дар бозӣ-ҳои дастаҷамъӣ коллективи бачаҳо ба вуҷуд омада, сифатҳои дӯстӣ ва ҳамкории онҳо инкишоф меёбад. бозӣ-ҳои гуногуни серҳаракат ва дидактикӣ ба дарки сифатҳои алоҳидаи ашё, инкишофи мушоҳидакорӣ, хулосабарорӣ ва дигар тарафҳои фаъолияти фикрӣ мадад мерасонанд. Кӯдак дар бозӣ хусусиятҳои барояш номаълуми ашёро дониста, тадриҷан ба дарки таъсири байниҳамдигарӣ ва вазифаи ашё мерасад. Ҳамаи бозӣ-ҳои дастаҷамъона, ки иҷрои онҳо риоя кардани қоидаи муайянро талаб мекунад, ба тарбияи ирода ва талабҳои умум итоат кунондани маҳорати бача ёрӣ мерасонад. Мазмуни бозӣ бо инкишофи кӯдак низ тағйир меёбад. Дар синни хурди мактабӣ бачаҳо ба сифатҳои ҷасоратнокӣ, пурқувватӣ, чолокии одамон тақлидкунон бозӣ мекунанд. Дар синни миёнаи мактабӣ (хусусан дар 11–14-солагӣ) бозӣ-ҳои дорои мазмуни романтикию қаҳрамонӣ аҳаммияти бештар пайдо менамоянд. Дар ин синну сол бозӣ-ҳо дар худтарбиякунии бачагон нақши бузург мебозанд. бозӣ-ҳо сужетнок, варзишӣ, дидактикӣ, бинокорӣ, конструкторӣ ва ғ. мешаванд. бозӣ-ҳои калонсолон (масалан, варзишӣ) дар инкишофи шуури кӯдакон ва наврасон фаъолона таъсир мерасонанд. бозӣ-ҳои таълимӣ (корӣ, сужетӣ-нақшӣ) низ мавҷуданд, ки солҳои охир дар раванди омӯзиш васеъ истифода мешаванд ва дар худ хусусиятҳои фаъолияти бозӣ ва таълимиро низ таҷассум мекунанд.
 
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Бозӣ"