Рубоб: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х таҳрир
илова
Сатри 4:
'''Рубоб''' ({{забон-код|fa|رباب}}, {{забон-код|hi|रुबाब}}) — сози тории мусиқӣ дар кишварҳои [[Осиёи Миёна]] ва аз он ҷумла дар [[Тоҷикистон]] мебошад. Дар [[Тоҷикистон]] ва [[Афғонистон]] рубоб ҳамчун сози мусиқии миллӣ ба ҳисоб меравад.
 
Рубоб, рубоб сози торӣ –мизробии– мизробии мусиқиест, маъмул дар байни халқҳои шарқ, алалхусус тоҷикон. Бино ба маъхазҳои адабӣ рубоб шакли муарраби қадимаи паҳлавии «Равода» буда. Маънои «Овози ҳазин бароваранда»-ро доштааст. Дар шарқ ва Европаи ғарбӣ бо шаклҳои ''рабоб'', ''ребаб'', ''ребак'' ва ғ. интишор шудааст.
==Таърих==
Сарчашмаҳои адабӣ рубобро дар шаклҳои гуногун тасвир менамоянд. Аввали асрҳои миёна дар сарзамини [[Эрон]] ва кишварҳои атрофи он рубобро бо камонча менавохтанд. Он косаи секунҷа (як кунҷ аз тарафи даста) иборат буда, яктора ё 2-3 тора мешудааст. Аз рубоби яктора бештар шоирону гӯяндагони халқӣ, аз рубоби 2-3 тора ромишгарон ва муғанниёни касбӣ барои рақсу тарона ва мусиқии ансамблӣ истифода мебурданд. Ба рӯи косаи рубоб пӯсти оҳу кашида, торҳояшро аз рӯдаи [[гӯсфанд]] ва [[абрешим]] таҳия мекарданд. Махсусан рубоби тораш абрешимӣ муътабар будааст. Дарозии умумии чунин рубоб 60-80 см буда. Мувофиқи миқдори торҳо дар нӯги даста [[гӯшак]]ҳо доштааст.
Сатри 18:
* [[рубоби алт]],
* [[рубоби бадахшӣ]] (аз [[рубоби бадахшонӣ]]) нав сохта ихтироъ карда шудаанд.
 
==Адабиёт==
==Навозандагони руӣоӣ дар Тоҷикистон==
 
Баъди солҳои 60-уми асри ХХ як зумра соҳибкорони соҳибкасб ва навозандагони касбии бо маҳорат, аз ҷумла: Муҳаммадҷон Мирзоев, Сулаймон Тахалов, Қобилҷон Усмонов, Тоҳирҷон Раҷабӣ, (Ўзбекистон) Одилҷон Назаров, Ҳикмат Нарзуллоев, [[Ҷӯрахон Обидпур]] (Обидов), Мустафоқул Муртазоев, Маҷнун Баротов, Абдуразоқ Муҳамадов, Ворис Абдураҳмонов, Абдураҳмон Матхолов (Тоҷикистон) дар сози нодир шогирд тайёр намуда, рубобро ҳамчун сози якканавозӣ ташвиқу тарғиб кардаанд.
 
Профессор [[Ҷӯрахон Обидпур]] бори аввал дар ҷумҳурӣ соли 1975 дар рубоби қошғарӣ барномае дар ҳаҷми як шўъба (45-50 дақ) тайёр намуда, консерт дод ва шогирдонаш низ кори ўро идома доданд. Рубобнавозон дар озмунҳои навозандагони созҳои халқӣ байни ҷумҳуриявӣ минтақавӣ иштирок варзида, ғолиби озмунҳо гардидаанд: Хушвақт Улмасов (Боку, соли 1986), Фатҳулло Файзуллоев (Бишкек, соли 1975), Абдураззоқ Нормуҳаммадов (Душанбе, соли 1986), Абдураҳмон Матхолов (Душанбе, соли 2000) ва дигарон ҳама шогирдони профессор Обидпур мебошанд.
 
Аз солҳои 60-ум и асри ХХ сар карда, барои рубоби қошғарӣ як силсила китобу дастурҳои таълимӣ ва асарҳои ҷудогона дар Тоҷикистону Ўзбекистон таълиф шуданд, ки репертуари таълимиву консертии сози мазкурро ғанӣ гардонидаанд. Инҳо: Ф.Васильев «Школа игры на рубабе» (Ташкент 1963, 1978), Ҷ. Обидпур «Дарси рубоб», (Душанбе-1969,1982), «Чаманоро»(1986), “Савтҳои Борбадӣ» (1990), «Этюдҳои хушоҳанг» (1996), «Гулбонги рубоб» (2005) ва ду маҷмўа бо унвони «Гулбоғи рубоб» (кит 1, 2002, кит.2 2006) Маҷмўаи «Асарҳо барои рубоб ва фортепиано»-и М. Атоев (Душанбе 2009) , консерт барои рубоб ва оркестри симфонии Д. Дӯстмуҳаммадов, консерт барои созҳои миллии А. Атоев, достон барои рубоб ва оркестри созҳои халқии М. Бафоев «Хотирот»-пейса барои рубоб ва оркестри созҳои халқии А. Мусоев фантазия барои рубоб ва оркестри созҳои халқии Х.Абдуллоев. Ду фантазия барои рубоб ва фортепианои Ҷӯрахон Обидпур (дар ҳамкорӣ бо К.Тущинок) ва ғайра мебошанд.
==Адабиёт==
* Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик Ҷ.3 . - Душанбе,2004
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Рубоб"