Узвҳои пешоб: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
[[Акс:Urinary system.svg|thumb|350x350px|1. ''Узвҳои пешоби инсон:'' 2. гурда 3. почечная лоханка 4. [[пешоброҳанайи пешоброн]] 5. [[пешобдон]] 6. [[найи пешобронпешоброҳа]]. 7. [[надпочечникғадудҳои болои гурда]] ''Рагҳо:'' 8. почечнаяшараёни гурда артериява ивариди венагурда 9. [[нижняявариди полаятиҳии венапоёнӣ]] 10. брюшнаяшоҳраги аорташикам 11. общаяшараён подвздошнаява артериявариди иниҳонии венаумумӣ ''Дигарҳо:'' 12. [[ҷигар]] 13. [[толстаярӯдаи кишкағафс]] 14. [[кос]]]]
'''Узвҳои пешоб''' — силсилаи узвҳое, ки дар кори ҳосил ва аз [[организм]] хориҷ кардани [[шоша]] иштирок мекунанд.
 
== Физиология ==
Сатри 9:
Гурда – узви ҷуфт буда, шакли лӯбиёмонанд ва сатҳи ҳамвору ҷигариранг дорад. Вазни ҳар гурдаи одами калонсол аз 120 то 200 г, дарозиаш 10 – 12 см, бараш 5 – 6 см, ғафсиаш 3 – 4 см аст. Гурдаҳо дар камари одам дар ду тарафи сутунмӯҳра қарор гирифтаанд. Онҳоро аз ҳар тараф насҷи чарб ва баргакҳои бофтаи пайвандӣ иҳота мекунанд.
 
Ҳар як гурда тарафи боло ва поён, канори берунии барҷаста ва дарунии фурӯхамида, сатҳи пешу ақиб дорад. Гурда дар миёнҷои канори дарунӣ чуқури (дарвоза)-е дорад, ки ба ҷавфи хурде синус мегузарад. Дар инҷо артерияҳо ва венаи калон, рагҳои лимфа, торҳои асаб, инчунин ташкилаи ковоки деворааш тунук – ҳавзаку ҷомҳои гурда воқеанд, ки дар онҳо шошаи дар гурда ҳосилшуда ҷамъ мешавад. Тамоми ковокии синус бо бофтаи чарб пур шудааст. Сатҳи берунии гурдаро капсулаи суфтаи бофтаи пайвандӣ пӯшондааст, ки ба тарафи синус тоб хӯрда, бо насҷи чарбии рагҳо ва ҳавзаки гурдаро иҳотакарда мепайвандад. [[Артерия]], [[Вена (анатомия)|вена]] ва пешоброҳаи аз ҳавзак баромада, ба ном поячаи гурдаро ҳосил мекунанд.
 
Дар буриши гурда ду қабат намоён аст: қабати берунии сиёҳтоб, ки онро қабати қишрӣ меноманд ва қабати дарунии мағзӣ, ки аҳромак (ташкилаи махрутшакли нисбатан сафед) ном дорад. Қабати қишрӣ асоси аҳромакро пӯшонда, фазои байни онҳоро пур ва ба ном поячаи гурдаро ҳосил мекунад. Нӯги аҳромакҳо ба тарафи синуси гурда нигаронда шуда, чун пистонак мудавваранд ва гӯё ки ба ҳавзакҳои онҳоро фарогирифта фурӯ рафтаанд. Дар нӯги аҳромак найчаҳои майдаи сӯрохдоре мавҷуданд, ки аз онҳо ба ҷомҳо пешоб мерезад. Ҷомҳо ҳар кадом алоҳида ё 2 – 3 ҷом як шуда бевосита ба ҳавзак ё шохаи он роҳ доранд.