Узвҳои пешоб: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 63:
 
== Табобат ==
Ҳангоми бисёр бемориҳои узвҳои пешоб табобат дар санаторияю курортҳо тавсия шудааст. Иқлим, парҳез, таъсироти балнеологӣ, санаторию курортӣ ва махсус ба организм омилҳои асосии табобатанд. Ин навъи табобат дар аснои бемориҳои илтиҳобии [[Системаи шошаю таносул|узвҳои шошаю таносул]], дарди санги гурда, умедворӣ аз афтидани санг, тайёрӣ ба ҷарроҳӣ ва дар давраи баъди он, инчунин ҳангоми сили узвҳои шошаю таносул, дар марҳалаи аввали иллати фаъолияти гурда бештар истифода мешавад. Дар давраи шадид ҷараён гирифтани газак, зарурати ҳатмии ҷарроҳӣ ва ҳангоми омосҳои бадфарҷом табобат дар санаторияю курортҳо норавост.
 
Обутоби организм, инчунин пешгирии бемориҳои шадиди роҳи нафас, тонзиллит, гайморит ва ғайра тадбири пешгирии бемориҳои узвҳои пешоб мебошанд. Диспансеронӣ барои сари вақт ошкор ва табобат кардани бемориҳои узвҳои пешоб аҳамияти калон дорад. Он муоинаи оммавии аҳолӣ, назорати диспансерӣ, табобати бемориҳои музмини узвҳои пешоб ва ғайраро дар бар мегирад.