Саидмурод Фаттоҳзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Шахсият}} '''Саидмурод Фаттоҳзода''' (''Фаттоҳзода Саидмурод Самад'' тав. 15 ноябри соли 1958, Н...
(бе тафовут)

Нусха 11:24, 1 Декабри 2016

Саидмурод Фаттоҳзода (Фаттоҳзода Саидмурод Самад тав. 15 ноябри соли 1958, Кӯлоб, Тоҷикистон) — ходими ҳизбӣ, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, доктори илмҳои фалсафа

Саидмурод Фаттоҳзода
Таърихи таваллуд 1958

Зиндагинома

Фаттоҳзода Саидмурод Самад 15-уми ноябри соли 1958 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст.

Соли 1981 Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови шаҳри Маскавро хатм кардааст ва даҳ сол баъд, яъне соли 1991 Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идораи иҷтимоии Минскро бо ихтисосҳои журналист, ходими адабии рӯзнома, сиёсатшинос бо дипломати аъло хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 1981 дар нашрияи Ҳизби коммунисти вақт “Тоҷикистони советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) ба ҳайси мухбир оғоз шудааст. Баъдан, ба хизмати ҳарбӣ даъват мешавад, аз соли 1984 то соли 1986 дар сафҳои Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон хидмат кардааст.

Солҳои 1987-1989 дар вазифаи мухбири калони рӯзномаи ҷумҳуриявии “Тоҷикистони советӣ” кор кардааст.

Дар давоми солҳои 1991 то 1993 дар оғози Истиқлол дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ (машваратчии маркази матбуоти КМ ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ёрдамчии ноиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии муовини Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон) фаъолият дошт.

Солҳои 1993-1994 дар вазифаи ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 1994-2007 дар вазифаи мудири Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

26-уми июли соли 2007 Мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин шуд. Дар ин симат вай Кароматулло Олимовро иваз кардааст. Аз 22-юми январи соли 2014 бинобар таҷдид сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрдамчии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин гардид.

Аз моҳи декабри соли 2014 инҷониб муовини якуми раиси ҲХДТ мебошад.

Номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, доктори илмҳои фалсафа мебошад.

Бо ордени “Ситораи сурх”, Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии СССР, унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон” медали ҷашнии “20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон” ва медали ҷашнии “10-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, медали “Собиқадори амалиётҳои ҳарбӣ”, медали “Ба размандаи интернатсионалист аз мардуми сипосгузори Афғонистон”, медали “20-солагии баровардани қӯшунҳои Шӯравӣ аз Афғонистон” ва медали тиллоии “Ниҳоли дӯстӣ”-и Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор соҳиби се фарзанд аст.

Эзоҳ

Сарчашма

  • Чеҳра: Саидмурод ФаттоҳзодаTOJNEWS