Шириншо Шотемур: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
илова, шаблон
таҳрир
Сатри 44:
Ба хонаи Прохор - амак бо маслҳиати Давлат Худоназаров рафтем. Ба у пешаки занг задем. Сипас роҳбаладамон Рустам писари Шириншоҳ моро рост ба хона бурд. Муйсафедон Прохор Михайлович ва Анна Ивановна интизорамон буданд. Анна-хола дастурхонро бо таомҳои лазизи русӣ ороста буд. Хонаи Прохор хоксорона оро ёфтааст. Ягона чизе, ки дар хонаи у бисёр ба чашм мерасид, ин китоб аст, китобхое, ки барояшон дар ҷевон ҷо намондааст, дар тоқча ва руйи миз ҳам ғарам шудаанд. Рустам моро муарифӣ кард. Ҳамроҳам собиқ мудири бойгонии ҳизбии комитети вилоятии ҳизб Қамчибек Насиллобеков мақсади омаданамонро фаҳмонданӣ шуд. Сӯҳбат аз сари дастархон оғоз ёфт. Прохор ба сини 88 қадам монда бошад ҳам ҳануз бардаму боқувват ба назар мерасад. Аз ҳама муҳимаш хотираи ӯ хеле тоза аст. Ӯ рӯзҳо, таърихҳо, воқеот, одамонро равшан ёд дорад. Прохор шояд хеле бардаму нерӯмандтар мебуд, агар даҳ сол расоро дар маҳбасхои заҳдори сталинӣ сипарӣ намекард. Ӯро ҳам мисли хоҳараш М. Киселова ҳамсари Шириншоҳ барои алоқа ва наздикӣ доштан бо "душмани халқ" ва дигар рафторхои "зидди давлвтӣ" ба ҳабс гирифта буданд. Прохор дар оилаашон фарзанди панҷум буд. Фарзандонро асосан модарашон Евдокия - хола калон кард. Падарашон Михаил Киселев, ки ба оҳангарӣ шуғл варзида, дар яке аз заводҳои Москва кор мекард ва шӯҳрат ҳам дошт, ҳанӯз то инкилоб бо кадом сабабе оилаашро партофта, озими Кафкоз шуд ва дар ҳамон ҷо хонаводаи дигаре ташкил дод. Алоқаи ӯ бо фарзандонаш тамоман гусаста гардид. Евдокия хола фарзандони худашро хеле хуб тарбия карда ба воя расонд. Ҳамаашон хонда, соҳибихтисос гаштанд, аз рӯзи аввал Инкилоби Октябрро хуш пазируфта дар пойдор кардани ҳаёти нав дар қатори фаъолони беҳтарин буданд. Александр духтари калонии оиларо аз хурдӣ ҳаёти мардуми машриқзамин ба худ ҷалб карда буд. Ӯ дар ин бора китобҳои зиёде мехонд, ҳамеша бо шавқ дарбораи Шарқ маводи гуногун ҷамъ мекард.Шириншоҳ он замон дар Душанбе дар вазифаи котиби дуюми Комитети Маркази Ҳизби Комунисти Тоҷикистон кор мекард. Ҳамеша серкор буд, вале вақт ёфта, дар саҳроҳои колхози раставу кӯчаҳо, дар он ҷое, ки мардум буд, вохӯриҳо мегузаронд. Ин услуби кори Шоҳтемур буд. Ӯ, ки худ аз оилаи оддӣ ва камбағали кӯҳистонӣ баромада буд, табиатан одами хоксор зиндадил хушмуомила буд. Маҳз таввасути чунин хислатҳо ӯ аз дарди дили мардуми оддӣ бохабар мегашт ва барои фаъолияти минбадааш нақшаҳои мушаххас мекашид.
Ҷавонзани зебои аврупоие, ки дар тан либоси хоксорона дошт ва дар назди идораи ӯ бо марди деҳқонамое сӯҳбат мекард, диқаташро ҷалб намуд. Духтар бо лафзи ширин тоҷикӣ сухан мекард. Шириншоҳ истоду як бори дигар бодиқат гӯш андохт. Дар такаллуми духтар ба ҷуз талафузи руссӣ баъзе овозҳои тоҷикӣ хатое дигар набуд. Шоҳтемур ноаён қаду баст, чеҳра ва ҳаракати духтарро аз назар гузаронд. Ачиб, маълум, ки духтарак тоҷик нест, вале забони тоҷикиро дар куҷо ин кадар хуб ёд гирифааст,-аз дил гузаронд Шоҳтемур. Дар вуҷуди Шириншоҳ кадом як ҳиссиёте ба вуҷуд омада барои бо духтар ҳамсӯҳбат шудан водораш менамуд.<ref>[http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2009/08/090824_ea_fs_shahtemur.shtml Кашфи тасовире нодир аз Шириншоҳ Шоҳтемур]</ref>
[[File:TJS 3 2010 obverse.jpg|thumb|TJS 3 ]]
 
Одамони ҳамзамону ҳаммаслакони Шириншоҳ Шотемур: [[Абдуқодир Муҳиддинов]], [[Алексей Дьяков]],[[Нусратулло Махсум]], [[Юлдош Охунбобоев]], [[Файзулло Хочаев]],[[Абдулло Раҳимбоев]], [[Икромов Акмал]], [[Абдуллоев Сайфулло]], [[Исмоилов Иброхим]], [[Анваров Саидаҳмад]], [[Мавлонбеков Аҳмадбек]], [[Абдураҳим Ҳоҷибоев]] буданд.
== Инчунин нигаред ==
Сатри 50:
== Пайвандҳои беруна ==
* [http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2009/08/090824_ea_fs_shahtemur.shtml Кашфи тасовире нодир аз Шириншоҳ Шоҳтемур]
== СарчашмаЭзоҳ ==
{{эзоҳ}}
{{Тоҷикистон}}