Асадулло Шукуров: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
{{Адиб
{{Зиндагинома
|Номи тоҷикӣ = Асадулло Шукуров
|Номи аслӣ =Асадулло Исмоилович Шукуров
|Акс = noimage.gif
|Зодрӯз = 7.06.1970
|Зодгоҳ = Сариосиёи вилояти [[Сурхондарё]]
|Даргузашт =
|Вазифа = [[адиб]], [[журналист]]
}}
 
'''Асадулло Шукуров''' - ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи вилояти Самарқанд - [[Овози Самарқанд (рӯзнома)|«Овози Самарқанд»]].
 
==Зиндагинома==
Асадулло Шукуров [[7 июн]]и [[соли 1970]] дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё ба дунё омадааст. Хатмкардаи мактаби рақами 12 зодгоҳ аст. Факултети филологии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Ҳанӯз солҳои 1987-1988 омӯзгори фанни таърихи мактаби рақами 15-и ноҳияи Сариосиё буд. Пас аз адои хизмати ҳарбии ҷавонмардӣ баробари таҳсили олӣ дар вазифаи муҳаррири саҳифаи тоҷикии рӯзномаи «Сариосиё ҳақиқати» фаъолияти меҳнатиашро давом дод. Асадуллоҳ аз соли 2000 шаҳрванди доимии шаҳри бостонии Самарқанд аст. Як муддат дар вазифаи муҳаррири шӯъбаи тоҷикии радио ва телевиденияи Самарқанд кор кард. Солҳои 2000-2006 ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи Шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти вилоят - «Овози Самарқанд», солҳои 2006-2008 сармуҳаррири рӯзномаи мактабиён - «Булбулча» ва солҳои 2008-2012 сармуҳаррири журнали адабии «Маҳорат» буд. Аз моҳи декабри соли 2012 то имрӯз дар вазифаи ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» фаъолияти меҳнатӣ ва эҷодии худро давом медиҳад.