Самарқанд: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Вироиши 185.8.124.162 (Баҳс) вогардонида шуд ба охирин тағйире, ки Шухрат Саъдиев анҷом...
Сатри 132:
Самарқанд аз [[15 январ]]и соли [[1938]] маркази [[вилояти Самарқанд]] аст, ки дар қисми марказии [[Ӯзбекистон]] ҷойгир аст. Аксари аҳолиаш тоҷикзабон ҳастанд. Иқлими вилоят мӯътадили континенталӣ буда, қариб 300 рӯзи сол офтобӣ аст, дарозии рӯз дар тобистон 15 соат мебошад. Маркази маъмурӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии вилояти Самарқанд, шаҳри Самарқанд мебошад, ки аз шаҳри [[Тошканд]] 354 км дуртар ҷойгир шудааст.
==Рӯзномаи тоҷикӣ ==
Дар вилояти Самарқанд нашрияи [[Овози Самарқанд (рӯзнома)]] мунтазам нашр мешавад. Дар саҳифаҳои рӯзнома мақолаҳои пурмӯҳтавои олимони шинохта, чакидаҳои хомаи шоиру нависандагону лавҳаю очеркҳои омӯзгорону шоирони пешқадам ва хабарнигорони ҷамоатии касбу корашон гуногун пайваста чоп мешаванд. Арбобони шоистаи илм Ботурхон Валихоҷаев, [[Холиқ Мирзозода]], [[Абдураҳим Муқимов]], [[Акбар Адхамов]], [[Абдусалом Саидов]] эҷодкорони забардаст [[Болта Ортиқзода]] ва Ҳамроқули Даврон ҳамкори доимии рӯзнома буданд. Имрӯз ҳам ин анъана давом дорад. Олимони намоён [[Садрӣ Саъдиев]], [[Аслиддин Қамарзода]], [[Санъат Муҳаммадиев]], Хуршед Абдусамиев, Ҷумъа Ҳамроҳ, [[Ота Аҳроров]], [[Абдусалом Самадов]] бо мақолаҳои пурдолузарби худ дар байни муштариён маҳбубияти хоса доранд. Нависандаю шоирони шинохта Салим Кенҷа, [[Адаш Истад]], Акбар Пирӯзӣ, Нормурод Каримзода, Худоназари Оқсоӣ, Худойбердӣ Саидзода, Ҳусейн Рашидӣ, Маҳбуба Неъматзода, Маҳбуба Турсунова, [[Хоҷа (Норхоҷа Чоризода)]], Парисо бошеърубо шеъру ҳикояҳои худ саҳифаҳои адабии рӯзномаро хонданбоб менамоянд.
 
== Ёдгориҳои таърихии Самарқанд ==