Орд: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 11:
== Боварҳои мардумӣ нисбат ба орд ==
Нисбат ба орд дар байни мардуми то­ҷик бовару эътиқодҳои гуногун мав­ҷу­данд. Тоҷикон ордро рамзм сафедӣ, бахту саодат ва ба­рору кушоиши кор медонанд. Масалан, ҳангоми ба хо­наи бобои па­дарӣ овардани тифли навзод, ба хонаи домод овардани арӯс ба китфу пешонии онҳо орд мезаданд, ки рамзи бапою қадам будан ва хушбахт шудани онҳост. Ё ба китфи шахси ба сафари дур раванда ё аз сафари дур баргарданда ҳам орд мепошанд, ки сафараш бехатар шавад ва аз сафар сиҳ­ҳа­ту саломат ба хона баргардад. Дар тӯйи арӯсӣ маросимҳои ордбезон ва дастчарбонро (ни­гар дастчарбон) анҷом медиҳанд, ки баъди ин арӯс дар хонаи хусураш ҳуқуқи таомпазӣ пайдо мекунад. Дар гузашта ҳангоми ба хидмати аскарӣ ё сафари дур рафтани аъзои оила тоҷикон ба онҳо ҳатман нонеро мегазониданд ва то ба хона баргаштани онҳо он нонро нигоҳ медоштанд. Мардум бовар доштанд, ки нони насибакардаашон онҳоро ҳатман сиҳҳату саломат ба хонаашон бозмегардонад. Ҳамчунин ба зери болини тиф­ли навзод кул­ча мемонданд ва бовар доштанд, ки нон қувваҳои бади зиёнкорро дур карда, тифли навзодро аз таъсири онҳо эмин нигоҳ медорад. Мардуми Бадахшони Тоҷи­кис­тон дар арафаи иди Наврӯз тоқиро чорқат карда, ба орд олуда, ба сутунҳои хона мезананд, ки рамзи покию тозагӣ ва хубу бобарор омадани соли нав мебошад.
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
==Манбаъ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Орд"