Нерӯгоҳи барқи обии Роғун: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироишгари дидорӣ вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 1:
'''Нерӯгоҳи барқии обии Роғун''' (НБО Роғун) - [[нерӯгоҳ]]и барқии обии калонтарин дар дарёи [[Вахш]] мебошад, ки сохтмонаш давом ёфта истодааст.
==Таърих==
Сохтмони [[нерӯгоҳ]]и барқии обии дар [[Осиёи Марказӣ]] калонтарин – [[Роғун]] соли 1976 сар шуда буд. Иқтидори лоиҳавии Нерӯгоҳи барқии обии Роғун ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 [[агрегат]]и 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр муайян шуда буд. Ин нерӯгоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 1317,1 млрд. кВт-соат нерӯи барқ ҳосил кунад.
 
Оид ба сохтани Нерӯгоҳи барқии обии Роғун соли 2005 байни Тоҷикистон ва Компанияи «Русский алюминий» («Русал»)-и [[Федератсияи Русия]] шартномае имзо шуд, вале он амалӣ нагардид. Тоҷикистон [[29 август]]и [[соли 2007]] он шартномаро бо компанияи «Русал» бекор карда, азм кард, ки ин нерўгоҳро бо маблағи худ месозад. Бо ҳамин мақсад ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқии обии Роғун» таъсис ва оинномааш [[15 апрел]]и [[соли 2008]], бо сармояи 116 млн. сомонӣ тасдиқ гардид. Соли 2009 ҳадди ин сармоя ба 6 млрд сомонӣ расонида шуд.