Фарқият байни намунаҳои "Осиё"

no edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
[[Акс:Asia satellite orthographic.jpg|right|400px260px|]]
[[Акс:Shanghai-Pudong-Skyline.jpg|right|thumb|]]
[[Акс:Binh Quoi Traditional River Hut Jun2005.jpg|right|thumb|]]
[[Акс:Himalayan mountains from air 001.jpg|right|thumb|]]
[[Акс:Saudi-desert.gif|right|thumb|Саҳрои Арабистони Саудӣ]]
 
'''Осиё''' бузургтарин қитъаи кураи замин аст, ки 5440 давлати дунё дар он ҷойгир буда, масоҳати умумиаш ба 44,5 млн км² баробар аст ва 8.6% сатҳи масоҳати умумии Заминро, ва ё 29.4% масоҳати хушкии онро иҳота мекунад. Тибқи маълумоти соли 2014 аҳолии Осиё 4,1 млрд буда, 60%-и аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад. Қитъаи Осиё релефи гуногун дошта, нуқтаи пасттарин ва баландтарини қураи замин дар ин қитъа ҷойгиранд (қулаи Эверест дар баландии 8848м ва баҳри Мурда дар пастии 395м аз сатҳи баҳр). Дар қитъаи Осиё нахустин империя – давлати Ҳахоманишиё ва се дини ҷаҳонӣ – Буддоӣ, Насронӣ, ва дини мубини Ислом ба вуҷуд омадаанд. Қитъаи Осиё яке аз марказҳои қадимтарини тамаддуни ҷаҳон мебошад. Номи Осиё аз мавқеи географии он бар меояд. Ҳоло географҳои Юнони Қадим қаламравҳое, ки дар ғарб ва шимолии Юнон воқеъ гардидаанд, ба Аврупо (аз калимаи юнонии '''эреб''' - ғарб) ба он қаламравҳое, ки дар шарқии он ҷойгир шудаанд, ба Осиё (аз калимаи юнонии '''асу''' - шарқ) мансуб медоданд. Мавқеи иқтисодию географии Осиёро, пеш аз ҳама дар байни қитъаҳои олам мавқеи мобайниро ишғол намуданд ва дар сари роҳҳои ҷаҳонии баҳрии тиҷоратии аз Аврупо ба сӯи Уқёнуси Ҳинд ва Ором раванда, ҷойгир шудани он муайян менамояд.
 
== Нақша ==