Мирсаид Миршакар: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 26:
 
== Зиндагинома ==
Мирсаид Миршакар [[5 май]]и [[соли 1912]] дар [[деҳа]]и Синдеви [[ноҳияи Шуғнон]]и [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон|ВМКБ]] дар оилаи деҳқони чорводор таваллуд ёфтааст.
Дар мактаби миёнаи қишлоқи Поршнев ва баъд дар мактаб-интернати шаҳри [[Хоруғ]] таълим гирифтааст. Соли 1930 Мактаби партиявии Душанберо хатм карда, муддате дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» фаъолият бурдааст.
Дар сохтмони [[Вахш]] иштирок намудааст, муддате муҳарририи рӯзномаи «Зарбдори сохтмони Вахш»-ро бар уҳда доштааст. Ба сохтмони Вахш достони «Байрақи озодӣ»-и ӯ бахшида шудааст.
Аз соли [[1937]] котиби масъул, муҳаррири рӯзномаи «Васияти Ленин». Аз соли 1940 то 1943 котиби масъули Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистони Шӯравӣ. Ҳамчун сардори кумитаи репертуарии идора оид ба корҳои санъати Шӯрои комиссарҳои халқии Тоҷикистони Шуравӣ фаъолият дошт.
Аз соли [[1946]] то соли [[1959]] котиби масъули Раёсати [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]]и Шӯравӣ ва муовини мудири шӯъбаи агитатсия ва пропагандаи Кумитаи марказии ҲК ҶШС Тоҷикистон. Се дафъа котиби [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] интихоб шудааст. Солҳои зиёд раиси Кумитаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ будааст. [[Соли 1993]] дар ш. [[Душанбе]] вафот кардааст.
 
==Эҷодиёт==