#{{Delete}}
{{Зиндагинома
|Номи тоҷикӣ= Ислом Абдусаломов
|Номи аслӣ= Ислом Абдураҳмонович Абдусаломов
|Акс=
|Зодрӯз= [[13 феврал]] и соли [[1929]]
|Зодгоҳ= маҳаллаи Тайлоқи ноҳияи [[Самарқанд]]
|Даргузашт=
|Вазифа= олим (соҳаи зоология, экология, зоогеография), академик
}}
'''Ислом Абдусаломов''' - ([[13 феврал]] и соли [[1929]], маҳаллаи Тайлоқи ноҳияи [[Самарқанд]]), зоолог, эколог, зоогеограф (паррандашинос), доктори илми биология (1972) академики [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] ([[1997]]). Ходими хизматнишододаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ([[1996]]), директори фахрии ИЗИП ба номи Е.Н. Павловскийи [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] (аз с. [[2005]]).
== Ҳолнома ==
Ислом Абдусаломов [[13 феврал]] и соли [[1929]] дар маҳаллаи Тайлоқи ноҳияи [[Самарқанд]] ба дунё омадааст.
Факултети биологияву хокшиноси Универститети давлатии Ӯзбекистон (ҳоло – Донишгохи давлатии Самарқанд ба номи А. Навои)ро бо баҳои аъло хатм кардааст (1950). Ходими илмӣ ва аспиранти назди ИЗИП ба номи Е.Н. Павловскийи [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] (1950-1958). Дар мавзӯи “Очерки экологӣ-фаунавии паррандаҳои Помир” рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст (1958). Мудири шӯъбаи экология (1959-1962), ҷонишини директор (1963-1967), директори ИЗИП ба номи Е.Н. Павловскийи [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] (1967-1972; 1984-1992), раиси Президиуми Ҷамъияти ҷумҳуриявии ҳифзи табиати Тоҷикистон (1977-1981).
== Мероси илмӣ ==
Соли [[1972]] дар мавзӯи “Биология ва хусусиятҳои ба тарзи амудӣ ҷойгиршавии паррандагони Тоҷикистон” рисолаи доктори ҳимоя намудааст. Муаллифи зиёда аз 360 асари илмӣ, аз ҷумла 7 монография, 5 китоби илмию оммавӣ, аз ҷумла
* Фаунаи Тоҷикистон.- Душанбе,1972,
* Муҳоҷирати паррандагон дар Осиё. - Душанбе, 1982,
* Олами ҳайвоноти Тоҷикистон. - Душанбе,1991.
* Китоби Сурхи Тоҷикистон. - Душанбе,1997,(ба заб тоҷ. ва русӣ), ҳаммуаллиф.
Асарҳояш асосан ба мавзӯъҳои паррандашиносӣ, тернология, герпетология, масъалаҳои ҳифзи табиат ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудаанд. Муҳарири масъул ва яке аз муаллифони “Китоби Сурхи Тоҷикистон” (Душанбе,1997, ба заб. тоҷ; Душанбе,1988, ба заб. русӣ).
== Фаъолияти илмию ҷамъиятӣ ==
Бо ибтикори ӯ соли 2000 дар Помир [[мамнӯъгоҳи “Зоркӯл”]] таъсис шудааст, ки дар он хелҳои ҳайвоноти нодир ва маҳвшаванда, аз ҷумла ғози кӯҳӣ ё ҳиндӣ сукунат доранд. Инчунин бо саъю кӯшиши ӯ дар шимоли Тоҷикистон “Парваришгоҳи Сирдарё” таъсис ёфт, ки дар он мурғони обию ботлоқӣ ва соҳилмақом таҳти ҳимоя гирифта шудаанд. Роҳбари илмии 2 доктори илм ва 16 номзади илми биология аст. Феълан – сарвари ҷамъияти ғайриҳукуматии “Шӯрои ҷамъиятии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад.
== Мукофоту ҷоизаҳо ==
* Бо ордени “Шараф” дараҷаи 1,
* Медалҳои «Барои меҳнати шоён» ва “Ветерани меҳнат”,
* “Нишони Фахрӣ”-и [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]]
* Ифтихорномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ мукофотонида шудааст.
== Нигаред==
* [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]]
==Манобеъ==
<references />
* Энсиклопедияи советии тоҷик.Ҷилди 1. – Душанбе,1978, - с. 22 http://kmt.tj/?book_id=88
*
* Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013, - с.17-18,
* Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
{{Тоҷикистон}}
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Олимони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Зоологони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Рӯихати академикон]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дар Самарқанд таваллудшудагон]]
|