Авангард (ҳунар): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
[[ru:Авангард (искусство)]]
'''Авангардизм''' (аз франс. Avant-gardisme – пешcаф), номи шартии ҷа­раёне дар адабиёт ва санъати асри 20, ки ба он аз анъанаҳои пешинаи образҳои бадеии реалистӣ дур шудан, ҷустуҷӯи воситаҳои нави тасвиру баён ва шакли шартиву рамзӣ ва зоҳирии асар хос буд. Авангардистон дар адабиёт ва махсусан дар санъат ба тасвири ҳам ҷудоӣ ва ҳам зиддиятҳои байни идеология ва зиндагӣ мақоми якумдараҷа дода, мавқеи иҷтимоии санъатро дар инъикоси зиндагӣ кам ба назари эътибор мегирифтанд. Онҳо шаклҳои маъмулии эҷодиёти бадеиро на бевосита, балки мувофиқи талаботи мураккабу шартии эстетикӣ тасвир мекарданд ва ба ҳамин восита Авангардизм ба яке аз шохаҳои зоҳиран мавҳуму маҷҳули модернизм мубаддал гардид. Истилоҳи Авангардизм дар танқиди адабиву бадеии солҳои 20 асри 20 ба вуҷуд омада, солҳои 50 асри 20 дар санъатшиносӣ устувор гардид. Авангардизм зу­ҳуроти пурра ва мураккаби бӯҳрони маданияти буржуазии асри 20 буда, дар заминаи ҷаҳонбиниву ҷаҳонфаҳмии анархистӣ ва субъективӣ сурат мегирад ва рушду такомул меёбад. Дар солҳои тараққиёти Авангардизм (1905 – 40) хусусиятҳои он дар як қатор мактабҳо ва майлонҳои модернистии он (кубизм, футуризм, дадаизм ва ғ.) зоҳир гаштанд. Авангардизм дар шаклу намудҳои гуногун, аз қабили экспрессионизм, ки ҳомии тасвири барҷастаи эҳтиросоту таассурот буд; дадаизм, ки харобку­нандаи эстетика ба шумор мерафт; гурӯҳҳои «чап» ва футуристон, ки ба ҷойи тасвири воқеии зиндагӣ майли зиёд ба тасвири фаъолонаи ҳоди­саҳо дошт; сюрреализм, ки тарафдори инъикоси ноаёни тафаккур буд, воқеияти зиндагиро тасвир кард. Баъзе эҷодкорони барҷастаи ба Авангардизм майлдошта ба монанди П. Элюар, Л. Арагон, В. Незвал, Б. Брехт, И. Бехер, Д. Ривера аз ақидаҳои модернис­тии худ даст кашида, рӯй ба санъати реалистӣ оварданд. Қисме аз авангардистон дар мавқеъҳои индувидуализм ва субъективизми эстетикии худ монданд (Ҷ. Ҷойс, М. Пруст, П. Мондриан, С. Дали, П. Клее). Дар асарҳои аввалини В. В. Маяковский, В. Э. Мейерхолд, С. С. Прокофев барин адибону санъаткорон хусусиятҳои Авангардизм дида мешуд. Дар ибтидои солҳои 30 асри 20 аксар авангардистони Ғарб хусусияти ошӯбгаронаи ошкори эҷодиёти худро гум карданд, ки дар байни он­ҳо санъаткорони Франсия П. Пикассо, Чили П. Неруда ва диг. буданд. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар кишварҳои Европа тамоюлоти аван­гардистӣ авҷ гирифта, ҷараёнҳои неоавангардистӣ ба вуҷуд омаданд ва ҳамаи ин ҷараёнҳо, ки қисме аз онҳо модернистӣ шудаанд, ҳоло ҳам фаъолият намуда истодаанд.